барқ

ҶСК «Барқи Тоҷик»: Норасоии нерӯи барқ мавсимӣ аст!

ҶСК “Барқи Тоҷик” бо пахши як иттилоия ба сарусадоҳо атрофи норасоии нерӯи барқ посух гуфт.

— Муштариёни азиз! Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли нерӯи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли барқ ба оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари сардиҳо камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба нерӯи барқ боиси норасоии мавсимии нерӯи барқ мегардад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии мамлакати мо, яъне обанбори НБО-и «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.

Вобаста ба ин, аз рӯи ҳисоби мутахассисони соҳа соли равон низ норасоии мавсимии нерӯи барқ пешгӯӣ шудааст ва вазъи пешгӯишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии мамлакат ва истифодаи сарфакоронаю самараноки нерӯи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд.

Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз ин рӯ, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар якчанд зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд. Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарӯзии аҳолӣ бо нерӯи барқ истифода гардад.

Муштариёни азиз! Ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд.

Ҳамчунин дар назар бояд дошт, ки захираҳои обу энергетикии дар рӯзҳои мусоид сарфашуда барои дар зимистон бештар бо нерӯи барқ таъмин намудани муштариён истифода бурда мешаванд,- изҳор дошт ҶСК “Барқи Тоҷик”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *