ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ҷоизаи БАТР-ро соҳиб шуд

Аввалин бонки молиявии хурд барномаи тарҳрезии давраи гузаришро дар Академияи молияи сабзи БАТР, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст, ба охир расонид.

Маросими ҷоизасупорӣ дар доираи Конфронси БАТР “Роҳҳо ба сӯйи Париж 2024” (“Pathways to Paris 2024”) дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, ки ҷоизаи мазкур ботантана ба раиси бонк Мирзосафар Сафаров супорида шуд.

Конфронс иштирокчиёнро аз Аврупо, Осиё ва Африқои Шимолӣ, инчунин, намояндагоги бонкҳои марказӣ ва сармоягузорони дигарро гирди ҳам овард.

Иштирок дар барномаи мазкур ба Бонк малакаҳои заруриро барои идоракунии хавфҳои иқлимӣ ва банақшагирии стратегӣ дар доираи рушди устувор фароҳам овард.

Аввалин бонки молиявии хурд, ки лоиҳаҳои сабзро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ менамояд, бо иштироки вижа дар барномаи мазкур масъулияти худро ба стандартҳои ҷаҳонии экологӣ ишора намуд. Бонк кӯшиш мекунад, ки бо дастгирии маблағгузории рушди устувор стратегияи иқлимиро дар сатҳи миллӣ амалӣ намояд.

Конфронс барои Аввалин бонки молиявии хурд имкони таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ва табодули таҷриба бо коршиносон дар соҳаи маблағгузории сабз гардид. БАТР, инчунин, стратегияҳои худро оид ба дастгирии ташкилотҳои молиявӣ дар доираи Созишномаи Париж муаррифӣ намуд. БАТР дар идоракунии хавҳои иқлимӣ, нақшаи гузариш ба иқтисодиёти устувор ва тавсеаи маблағгузории сабз фаъолона кумак мерасонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *