Ҷумъа Давлатов: Дар мақомоти давлатӣ 3 ҳазору 881 корманд намерасад
Қариб 3 ҳазору 900 корманд дар мақомоти давлатии Тоҷикистон намерасанд.
Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар кишвар 18 ҳазору 384 хизматчии давлатӣ фаъолият доранд, ки аз ин 4 ҳазору 655 нафар зан мебошад. Аммо дар умум, дар мақомотҳои давлатӣ норасоии кадрӣ эҳсос мешавад.
“Ба ҳолати семоҳаи аввали соли 2024 дар вазорату ниҳодҳои гуногуни давлатӣ 3 ҳазору 881 корманд намерасид. Дар семоҳаи дуюм 51 ҷойи корӣ пур карда шуд, ва ҳоло 3 ҳазору 830 ҷойи корӣ холӣ аст”, — гуфт Давлатов.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар сатҳи ҷумҳурӣ — 12-13%, дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ — 17-19% ва дар сатҳи ҷамоатҳо зиёда аз 30% вазифаҳо холӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ