Ҷумахон Ахмедов дастгир шуд

Ҷумахон ба азхудсозии наздики як миллион сомонӣ маблағои давлатӣ айбдор мешавад.

Прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба Ахмедов Ҷумахон Субҳонович, раҳбари корхонаи ҶДММ “Раҳим” парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст, ки ба азхудкунии маблағҳои давлатӣ муттаҳам мешавад.

Дар ин бора “Спутник” хабар додааст.Ба навиштаи сомона,  Ахмедов Ҷумахон ба азхудсозии наздики як миллион сомонӣ маблағои давлатӣ айбдор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, номбурда соли 2018 раҳбари ҶДММ “Раҳим” таъйин шуда, бо истифода аз мақомҳои хизматияш даст ба исрофкориву азонихудсозии маблағҳо задааст.

Манбаъ мегӯяд,  ҶДММ “Раҳим” аз корхонаҳое мебошад, ки ба сохтмон ва таъмири биноҳо машғул буда, аз санаи 26 июни соли 2019 то 12 декабри ҳамон сол барои таъмири Маркази саломатии шаҳри Исфара, Марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, деҳаи Сурх ва шаҳраки Нафтобод 1008341 гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар асоси ченаки назоратӣ муаян карда шуд, ки номбурда ба маблағи 123950 сомонӣ корҳои сохтмониро анҷом дода, боқимонда 884388 ҳазор сомониро азони худ ва исрофкорӣ карда, ба буҷаи давлат зарари калон ворид кардааст.

Ба гумонбарии исрофкорӣ ва азонихудкунии маблағҳои буҷа Ахмедов Ҷумахон Субҳонович раҳбари корхонаи ҶДММ “Раҳим”  боздошт ва нисбат бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *