Намози ҷумъаи ман пешин шуд.Чаро?

Пас аз 9 моҳи “истироҳат” аз рӯзи 1 феврал масҷидҳои кишвар боз ба фаъолият оғоз намуданд. Ин хушхабаре буд, ки тамоми намозгузорони кишвар онро дербоз интизор буданд ва пас аз он ки давоми чанд ҳафта аз гирифтор шудагони нав ба корнавирус хабаре нарасид, чунин тасмим гирифта шуд.

Мардуми мусалмон ин хабари ҳукуматро бо як хушнудӣ пазируфта, ҳамдигарро табрик мекарданд ва дуо мекарданд,ки ин вабои навбаромад Тоҷикистонро ба таври доимӣ тарк кунад. Давоми 5 рӯз масҷиди маҳаллаҳои шаҳрҳо ва дар ҳамаи минтақаҳо бо риояи масофаи иҷтимоӣ ва бо саҷҷодаи худу истифода аз ниқоби тиббӣ намоз хонданд. Вале дар пеш мушкилоти дигаре будааст,ки мо танҳо имруз фаҳмидем.

Дар масҷидҳои ҷомеи шаҳри Душанбе шоҳиди он будем, ки ҷой барои ҳамаи хоҳишмандони намозгузорӣ намерасид. Чун ҳарвақта, тақрибан чил дақиқа пеш аз вақти намоз бо саҷҷодаи худ ва ниқоб ба масҷиди Қалами Шикор, воқеъ дар назди Комбинати Бофандагӣ равон шудем. Аз пеш бошад, чанд нафар меомаданд,ки саҷҷода дар китф ва ниқоб лар руй аз намозҷой бармегаштанд. Онҳо моро низ аз роҳ гардонда гуфтанд,ки “Наравед, намемонанд”. “Магар боз масҷидҳоро бастаанд?” пурсидем.”Не, аммо дигар ҷой нест, ба хона раведу пешин хонед…” Боз пештар рафтем ва шумораи баргаштагон бештар мешуданд.

Дар ҳақиқат, дар дар даромадгоҳи масҷид чанд нафар истода, “масҷид пур шуд, баргардед” мегуфтанд.Ноилоҷ пас гаштем.  Хостем ба ягон масҷиди дигар равем, аммо тариқи телефон гуфтанд,ки дар он масҷидҳо низ ҷой намондааст. Бояд гуфт,ки намози ҷумъаро танҳо гузашта намешавад, пас чӣ бояд кард? Агар пеш аз пандемея дар як метр масофа се нафар намоз мехонда бошанд, ҳоло бояд як нафар намоз хонад.

Акнун бояд қисми мардум дар хонаҳо танҳо пешин хонанд ва ё аз сари субҳ ба масҷидҳои ҷомеъ рафта, “навбат” гиранд? Роҳи ҳал кадом аст? Интизори ҷавоби Маркази исломӣ ва Кумита оид ба дин ҳастем…
Абдумудассир Аҳмадзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *