Ҷустуҷӯи қотили хонандаи мактаб идома дорад

Ҷустуҷӯи гумонбар дар куштори Аҳмадҷон Абдураҳмонов, хонандаи синфи 1-и мактаби рақами 50 дар шаҳри Душанбе идома дорад. Рӯзи панҷум аст, ки қотили ин писари 7-сола  то ҳол пайдо нашудааст.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  гуфт, ки  мақомоти милитсия ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад ва ҳоло корҳои оперативӣ идома доранд.

Аммо пештар хабар дода шуда буд, ки гумонбар дар куштори Аҳмадҷони 7-сола, ҳамсари амаки падараш Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола мебошад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки зан бемории рӯҳӣ дошт. Аммо ҷониби ҷабрдида, хонаводаи писараки кушташуда бар онанд, ки зан аз ҷиҳати равонӣ сиҳат буд.

Ба гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд. Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *