Ӯзбекистон аз Google, Alibaba, Facebook… андоз меситонад

Раиси Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон Беҳзод Мӯсоев дар як мусоҳиба қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯёнидани андоз аз ширкатҳои хориҷии Google, Alibaba, Facebook, Amazon, Яндекс ва дигаронро ба нақша гирифтаанд. Кумитаи давлатии андоз ба ширкатҳои мазкур пешниҳод менамояд, ки дар Ӯзбекистон намояндагии доимиашонро таъсис диҳанд ё худашонро ба таври ихтиёрӣ дар мақомоти андоз ба ҳисоб гиранд.

Дар Ӯзбекистон ҷорӣ намудани  ба ном «андоз барои Google» ба нақша гирифта шудааст. Дар нишасти матбуотие, ки раиси Кумитаи давлатии андози ҷумҳурӣ Беҳрӯз Мӯсоев дар моҳи декабри соли 2019 доир намуд, дар бораи чӣ тавр рӯёнидани андоз аз ширкатҳои хориҷӣ ва мушкилоти он гуфтугӯ кард.

Дар лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андоз, ки чанде пеш онро Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул кард, боби нав дар бораи хусусиятҳои андозбандии шахсони ҳуқуқии хориҷие ворид шудааст, ки онҳо ба хизматрасонии электронӣ машғул мебошанд. Дар Кодекси андоз зикр шудааст, ки агар ширкатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон ба хизматрасонии электронӣ машғул бошанд, аз ҷумла, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ (аҳолӣ), он гоҳ онҳо андозсупоранда шуморида мешаванд.

Додани ҳуқуқ барои истифодабарии таъминоти барномавӣ (аз ҷумла бозиҳо) ва дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, расондани хизматрасонӣ дар соҳаи реклама дар интернет, пешниҳоди хизматҳо оид ба ҷустуҷӯ ва пешниҳоди иттилоот дар бораи харидорони эҳтимолӣ, нигоҳ доштан ва коркарди иттилоот ва амсоли инҳо аз зумраи хизматрасониҳо дар шакли электронӣ дониста мешаванд. Ба қатори ширкатҳое, ки чунин хизматҳоро мерасонанд, ширкатҳои азими интернетии Яндекс, Google, Facebook, Alibaba ва амсоли онҳо дохил мешаванд.

Ба саволи хабарнигори «Газета.uz» ҷавоб гуфта, Баҳром Мӯсоев қайд намуд, ки масъалаи рӯёндани «андоз барои Google» ҳоло масъалаи мубрами тамоми мақомоти андози ҷаҳон мебошад.

Мо медонем, ки қайд намуд Баҳром Мӯсоев, кишварҳои хориҷӣ ҳоло дар ин самт талош мебаранд ва кӯшиш менамоянд, ки чунин хизматрасониҳоро андозбандӣ намоянд. Медонем, ки ҳамкасбони мо аз Россия чанде пеш барои хизматрасониҳои ширкатҳо андоз аз арзиши иловашуда ҷорӣ намудаанд.

Тавре мавсуф гуфт, дар Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон  қайд хоҳад шуд, ки барои чунин хизматрасониҳо андоз аз арзиши иловашуда рӯёнида мешавад.

Оё Facebook ба мо чунин маълумотро дастрас менамояд? – мегӯяд ӯ. Мушкил аст ҷавоб гуфтан ба ин савол. Оё Google чунин маълумотро ба мо дастрас мекунад? Боз ҳам мушкил аст. Дар ҳар сурат мо аллакай дар Кодекси андоз пешбинӣ намудаем, ки аз чунин хизматрасониҳо андоз аз арзиши иловашуда рӯёнида мешавад. Акнун мо батадриҷ бо ҳар як ширкат-андозсупоранда кор мекунем, то ин ки онҳо муассисаҳои доимии худро таъсис диҳанд. Ҳамин масъала ба AirBnB ҳам тааллуқ дорад, зеро ширкати мазкур дар ҳамаи кишварҳои олам муассисаҳояшро таъсис дода, тамоми даромадҳоеро, ки аз андозсупорандагони ҳамон кишвар ба даст меорад, нишон медиҳад. Мо бо такя ба таҷрибаи ҳамкасбонамон аз кишварҳои иштирокчии ИДМ ва бо кумаки коршиносон (аз Бонки ҷаҳонӣ) бо онҳо ҳамкорӣ карда, робитаҳо барқарор мекунем, — изҳор дошт раиси Кумитаи давлатии андоз.

Беҳзод Мӯсоев, инчунин, изҳор намуд, ки ҳоло маблағи эҳтимолии андозҳои аз ҳисоби «андоз барои Google» воридшавандаро номбар карда наметавонад.

Дар оғоз дар мадди назари мо ҳуқуқ, минбаъд методология, пас аз он ҳисоб ва бақайдгирӣ мебошад, таъкид сохт Баҳром Мӯсоев. Фарз кардем, имрӯз мо аз ширкатҳои мазкур ягон хел маблағ ба даст намеорем, вале мо рӯз аз рӯз ба самти пешрафт ҳаракат дорем. Дар Кодекси андоз заминаи қонуниро ба вуҷуд овардаем ва медонем, ки мо чӣ гуна ҳуқуқ дорем (барои андозбандӣ), онҳо бошанд уҳдадоранд, ки андоз пардохт намоянд, — гуфт раиси Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Тавре ба «Газета uz» сардори Раёсати назорати камералии Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Ҳошимов гуфт, ширкатҳои хориҷе, ки худашонро ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд мегиранд, ба қонунӣ гардондани фаъолияташон ҳавасманд мебошанд.

Барои онҳо имконият фароҳам оварда шудааст, ки худашонро ихтиёран ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гиранд. Андоз аз арзиши иловашуда андози ғайримустақим буда, чунин маъно дорад, ки истеъмолкунанда пардохткунандаи андоз аст. Бо ибораи дигар, шаҳрванди Ӯзбекистон хизматрасониҳои Google-ро харидорӣ менамояд, ширкат, ки ба нархи хизматрасонӣ 15% андоз аз арзиши иловашуда илова намуда, онро мефурӯшад, ҳамин маблағи андоз аз арзиши иловашударо ба буҷет интиқол медиҳад — гуфт ӯ.

Ширкати хориҷӣ уҳдадор мешавад, ки ҳангоми кушодани муассисаи доимӣ дар Ӯзбекистон худашро дар мақомоти андоз дар баҳисобгир гузорад. Агар ширкат нияти дар Ӯзбекистон кушодани муассисаи доимӣ надошта бошад, метавонад худашро ихтиёран дар баҳисобгирии мақомоти андоз гузорад. Баҳисобгирӣ дар асоси ариза ва дигар ҳуҷҷатҳое амалӣ гардонда мешавад, ки рӯйхати онҳоро Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ намудааст. Ариза на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи оғози хизматрасонӣ дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.

«Андоз барои Google» дар кишварҳои дигар ҳам ҷорӣ шудааст. Дар Россия аз соли 2016 инҷониб қонун дар бораи пардохти андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми фурӯши хизматрасонии электронӣ амал мекунад. Андози мазкур аз ҳар гуна хизматрасоние ситонда мешавад, ки он ба воситаи интернет фурӯхта шудааст: аз реклама, фурӯши замимаҳо, бозиҳо, хостинги сомонаҳо, мусиқӣ, филмҳо ва ғайра. Аввалин 200 адад ширкатҳо аллакай соли 2017 ба пардохт намудани андоз сар карда буданд. Ҳамон сол буҷети Россия аз ҳисоби ширкатҳои рақамӣ 9,4 миллиард рубл (150 миллион доллар) даромад ба даст овард, соли 2018 аллакай 12 миллиард рубл (қариб 190 млн. доллар).

Манбаъ: “Газета.uz”, декабри соли 2019

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *