Ба ваъдааш вафо накард… Боздошти Парвиз Бахиров барои мардумфиребӣ

Парвиз Бахирови 38-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби мақомоти милитсия боздошт гардид. Ӯ аз 42 нафар барои фиристодан ба  Арабистони Саудӣ пул гирифта, фиреб кардааст.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод, номбурда қаблан бо ҷурми қаллобӣ суд шуда, ҳамзамон барои содир намудани шумораи зиёди мардумфиребӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки дастгиршуда Бахиров Парвиз бо роҳи фиреб аз 42 нафар маблағҳои гуногун гирифта, барои сафар намудан ба Арабистони Саудӣ ба онҳо чиптаҳои қалбакӣ омода кардааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишот қарор дорад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки агар ба доми фиреби Бахиров Парвиз қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои 2211542 ва 2210057 муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *