Ӯ пас аз 17 соли маргаш зинда шуд

17 сол пеш дар ғарби Чин заминларзаи шадиде, ки шиддаташ аз рӯи ҷадвали Рихтер 7,8 дараҷаро ташкил медод ба вуқуъ омад, ки дар натиҷаи он  як коне, ки дар он  118 (шахтиёр)конкан кор мекард фурӯ рехт. Дар вақти зилзила конструксияҳои чубин, ки деворҳои туннели  шахтаро аз фуруравӣ нигоҳ медоштанд, ногаҳон фурӯ рафта, 118 касро ба комаш дар кашид. Ҳама конканҳо фавтиданд.

Аз он вақт инҷониб ин қисми шахта баста шуда буд. Аммо, чанде пеш як гурӯҳи маъданчиён  хостанд, ки қисмати кони партофташуда ба кор дароранд. Ҳангоми кофтани кон ҳама ҳайратзада гаштанд. Онҳо аз он ҷо “дороие” ёфта буданд, ки ба ақл рост намеомад. Бозёфт мардонро ба ҳайрат овард. Чун он ғайримуқаррарӣ ва боварнакарданӣ буд.

Ин бозёфт яке аз он фавтидагоне буд, ки пас аз 17 сол зинда шудааст. Аҷабо аз миёни 118 нафари фавтида танҳо шахтиёр Чун зинда мондааст. Танҳо ӯ тавонист, ки  дар давоми 17 сол дар ин доми марг зинда монад. Аҳволи шахтёри 59-солаи наҷотёфта Чунг Вай дар ҳолати хеле бад буд. Ӯро ба бемористони ҳамсоя бурданд ва ҳоло табибон вазъи ҷисмониву равонии ӯро арзёбӣ мекунанд.

Ягона сабаби зинда мондани ӯ вентилятсия буд, ки ӯ тавассути он ҳавои тоза нафас  мегирифт. Ғайр аз ин, ба вай чунин факт низ ёрӣ расондааст, ки дар сурати вайрон шудани шахтаҳо захираи калони озуқаворӣ мавчуд буд.

Аз дасти ин мурдаи зинда монда на каламуш ва мушак монд. Ӯ ҳамаро пайи ҳам барои зинда монда мехӯрд. Ана, ҳамаи ҳамин ҳолат боиси зиндамондаи Чунг Вай гаштааст.

Дар таърих ин нодиртарин ҳолатест, ки шахс тавонист муддати тӯлонӣ дар чунин шароити шадид зинда монад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *