Ӯ зану падарарӯсу фарзандашро дар батни модар кушт…

Шаҳрванди Тоҷикистон, марди 27 сола ва сокини шаҳри Перми Русияро, ки дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомила ва падарарӯсаш айбдор мешавад , ташхиси равонӣ солим баровард. Пас аз ин ӯро барои куштори ду нафар ва кӯдаке, ки дар батни модараш буд, ҳукми абад таҳдид мекунад.

Ин ташхиси дуюм буд, ки ҳолати равонии ин марди айбдоршаванда ба кушторро собит менамояд. Ташхиси аввал дар Перм ба шакли амбулаторӣ анҷом дода шуд, вале натавонист муайян кунад, ки оё ин нафаре, ки ҳатто ба тифли дар батн будаи модар раҳм накард аз лиҳози равонӣ солим аст ё мариз? Барои ташхиси дуюм ӯро ба Екатринбург бурданд ва ташхиси дубора хулоса баровард, ки айбдоршаванда ҷавогӯи амалу рафтораш ҳаст ва барқасдона ин амалро анҷом додааст.

Рӯзи 3 феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Есенин дар минтақаи Заостровкаи шаҳри Перм ҷасади зани ҳомилаи 21 соларо дар дохили манзил ва ҷасади падари ӯро аз назди хонааш пайдо карданд. Ба гунаҳкории қатли онҳо шавҳари зани кушташударо дастгир карданд. Ин марди 27 сола дар бозори Заостровка савдо мекард ва шаҳрванди дуҷонибаи Русияву Тоҷикистонро дошт.

Парвандаи ӯ ба зудӣ ба додгоҳ равона карда мешавад. Ва ба ӯ ҳукми абад таҳдид мекунад

Вале, дареғи ду кӯдаки хӯрдсоли онҳо, дар роҳи зиндагӣ сарсону бемутакко мондаанд.Вақте, ки мард занашро кушт писарашон якунимсола ва духтарашон ҳамагӣ чормоҳа буд… Тақдири ин ду тифли дар роҳи қисмат ҳайрон монда чӣ мешавад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *