Ӯро куштан кам буд, вале.. Ҳабси абад барои таҷовузи ноболиғ

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, парванда аз рӯи қатлу таҷовузи Руфайдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст.

Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар таҷовуз ва қатли духтарчаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсояаш Раҳматулло Гадоев муттаҳам буда, феълан дар боздошт қарор дорад.

Юсуф Раҳмон ба Sputnik изҳор дошт, ки ин ҷиноят 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, гуруҳи фаврӣ — тафтишотӣ худи ҳамон рӯз «шахси ҷинояткор» — ро боздошт кард.

Аз рӯи ин ҳолат нисбати ҳамсояи ҷабрдида, Гадоев бар асоси моддаҳои 138 — таҷовуз ба номус ва 104 — куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки дастури Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи муҷозоти шахси гунаҳкор дар куштори Руфайдаро дастрас кардааст. Ӯ таъкид намуд, ки парванда таҳти назорати шахсии ӯ қарор дошта, нафаре, ки ваҳшиёна ин ҷиноятро содир кардааст, ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Рӯзҳои наздик парвандаи ҷиноӣ бо хулосаи айбдорӣ ба додгоҳ фиристода мешавад.

Ҳодисаи куштори Руфайда Иноятоваи 8-сола аввали моҳи равон яке аз масоили пурбаҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бо иттиҳоми ин ҷиноят мақомот ҳамсояи хонаводаи Иноятовҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматулло Гадоевро боздошт намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *