Ӯзбекистон ба сафиронаш супориши нав дод

Минбаъд бояд сафирони ин кишвар такяи бештар ба равобити иқтисодӣ кунанд.

Дар Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон вохӯрӣ бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишвар дар хориҷа баргузор шуд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи Президент, Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷӣ Абдулазиз Комилов ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ Сардор Умурзоқов ширкат намуданд. Дар ин нишаст дар бораи афзалият дар муносибатҳо иқтисодӣ дар таҳияи стратегияҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати муносибатҳо бо кишварҳои дигар гуфта шуд. Дар назди роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ вазифаҳои мушаххас оид ба таҳияи механизмҳои нави ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастгирии самарабахши содиркунандагони ватанӣ, инчунин ҳимояи самараноки ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо гузошта шуданд.Минбаъд бояд сафирони ин кишвар такяи бештар ба равобити иқтисодӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *