Ӯзбекистон дар Хатлон бемористон месозад

Ӯзбекистон дар канори маркази тиббие, ки дар ноҳияи Қубодиён бунёд карда истодааст, боз як бемористони дигар барои гирифторони коронавирус хоҳад сохт.

Ин бемористонро шикарти «Узбекнафтугаз» муҷаҳҳаз мекунад. Дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар бемористони муваққат тавассути дастгоҳҳои муосир ташхис гузаронида мешавад. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаҳои ташхиси беморон, онҳоро барои муолиҷа ба шифохонаҳои дигар мефиристанд.

Сохтмони маркази тиббӣ дар ноҳияи Қубодиён аз тарафи Ӯзбекистон дар соли 2018 шуруъ шуд. Қарор аст, марказ баҳори имсол ба истифода дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *