Ӯзбекистон: Гуфтушунид оид ба аломатгузорӣ дар марз. Вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон
Аз 11 то 16-уми июл дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон вохӯрии навбати гуруҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷараёни корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодҳои муштарак оид ба хати лоиҳавии демаркатсионии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шудаанд.
Ҳайати тарафҳоро муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Азиммаҳмад Каримзода ва муовини директори Агентӣ оид ба кадастри нази Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон Тулқин Абдуллоев роҳбарӣ кардаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расида, тасмим гирифта шудааст, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон барпо мегардад.
Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) 105 километр аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ