Ӯзбекистон: шумораи сироятёфтагон аз коронавирус ба 11 нафар расид
Теъдоди мубталоёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 11 нафар расида, Ҳукумати ин кишвар бар он мекӯшанд, ки аз паҳншавии сартосарӣ ҷилавгирӣ кунанд. Дар ин бора хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Агентии санитарӣ — эпидемиологии Ӯзбекистон гуфтааст, ки теъдоди дардмандони маризии коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
То рӯзи 17 — уми март дар ин кишвар 11 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст. Як мавриди охир дар сарнишини хатсайри Дубай Тошканд сабт гардидааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ