Ӯзбекистон воридоти нерӯи барқро аз Тоҷикистон афзоиш додааст
Ширкати «Шабакаҳои барқи минтақавӣ»-и Ӯзбекистон ба далели сардии ҳаво воридоти нерӯи барқро аз Тоҷикистон ба вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ҳаммарз бо Афғонистон афзоиш додааст.
«Дар як давраи сарди ғайримуқаррарӣ интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бефосила бо нерӯи барқ ба аҳолӣ ва иншооти иҷтимоии вилояти Сурхондарё оғоз гардид»,- омадааст дар як иттилоияи ин ширкат. Аммо ҳаҷми нерӯи барқи воридотӣ мушаххас гуфта нашудааст.
Бино ба иттилои “ТАСС”, ширкат таъкид кардааст, ки аз 14 ноҳияи вилояти Сурхондарё нуҳ ноҳия бо нерӯи барқе, ки аз кишвари ҳамсоя харидорӣ шудааст, таъминанд.
Бояд гуфт, ки солҳои охир Ӯзбекистон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон нерӯи барқ ворид мекунад ва ҳаҷми воридот дар фасли зимистон ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад.
Бино ба иттилои “Узгидромет”, аз 10-уми январ дар саросари ин ҷумҳурӣ ҳаво сард гардида, шабона то 19-20 ва рӯзона то 17 дараҷа сард шудааст. Вобаста ба ин, дар тамоми маҳаллаҳои аҳолинишин истифодаи нерӯи барқ ва газ чанд маротиба зиёд шуда, дар навбати худ боиси қатъи зиёди барқ, паст шудани фишори газ дар хонаҳо ва қатъ гардидани интиқоли гармӣ шудааст. Ба ин далел, бархе аз сокинони пойтахт то ҳол дар омода кардани ғизои гарм мушкил доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ