1,5 кг оҳан дар меъда

Дар Аҳмадободи кишвари Ҳиндустон занеро ҷарроҳӣ намуда, аз меъдааш 1,5 килограмм (3,3 фунт) ашёи ғайри қобили истеъмолро берун оварданд. Тавре хабар дода мешавад, ба беморхонаи Аҳмадобод занеро бо дарди шадиди шикам оварданд. Баъди ташхиси бемор, табибон шиками сахти ӯро дида, ба ренген фиристоданд.

Дар аксҳои ренгенӣ  дар узвҳои ҳозимаи зан банду ресмон, мехчаву ашёҳои оҳанинро дида, табибон дар ҳайрат афтиданд. Дар шушҳои зан сӯзанаки оҳанин буд, ки ба меъда дармонда, боиси дарди шадид гаштааст. Ҷарроҳон барои тоза кардани меъдаи ин зан се соат вақт сарф намуда, ӯро аз азобҳои алим халос карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *