1 000 000 хайри дигари Муҳиб Бобоҷонов
Муҳиб Бобоҷонов, соҳибкори муваффақи водии Рашт барои мубориза ба коронавирус 1 миллион сомонӣ тақдим кард.
Қаблан Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш нимаи моҳи май ба зиёда аз 400 нафар кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт, ки дар роҳи табобати аҳолии ноҳия аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) хизмат намуда истодаанд, 500 сомонӣ ба ҳар корманд кӯмаки молиявӣ кард. Ин маблағ дар умум 200 000 ҳазор сомониро ташкил медод.
Муҳиб Бобоҷонов аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки корномаи ӯ ва писарони саховатпешааш Раҳимҷон, Шарафҷон ва Бегиҷон дар ҳалли мушкилоти мардуми ноҳия ва минтақаи Рашт ба дуриҳои дур расидааст.
Бояд гуфт, ки рӯзи 3-уми май писари калони ин соҳибкор Раҳим Бобоҷонов, ки бо тахалуси Раҳими Ғармӣ машҳур аст, ба 600 муҳоҷири тоҷиқ ба миқдори 5-ҳазор рубли русӣ дар умум ба миқдори 3-млн. рубл хайр намуд.
Асфалтпӯш намудани 12 километр роҳи деҳаи Поҷеи Поён ва дохили он ба маблағи 160 ҳазор доллар, кишидани хати баландшиддати барқ дар масофаи 3,5 км бо шинонидани 2 трансформатори нав ба маблағи 18 ҳазор доллар, кандани чоҳи амудӣ ба маблағи 34 ҳазор доллар, бунёди канал дар масофаи 3 киллометр ва сохтмони муҳофизатии сарбанди он дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар, сохтмони пули пиёдагузари дарозиаш 7 метр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ, пули мошингузари деҳаи Камароби калон бо дарозии 14 метр ба маблағи 15 ҳазор доллар, хати оби нӯшокӣ тавасути қубури 50 дар масофаи 10 километр бо маблағи 35 ҳазор доллар, таъмири пули мошингузари байни деҳаҳои Шуле ва Баҳодуробод бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, таъмири асосии муассисаи таълимии деҳаи Рувоз ва бунёди 2 синфхонаи иловагӣ бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ, таъмиру сангфарш намудани роҳҳои байни Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат бо маблағи 106 ҳазор доллар, бунёди дарвоза дар сарҳади ноҳия ба маблағи 100 ҳазор доллар, асфалтпӯш намудани роҳи байналмилалӣ дар ҳудуди ноҳияи Нуробод бо харҷи беш аз 3,5 миллион сомонӣ ва дар роҳи байни шаҳракҳои Ғарм — Навобод бо харҷи 250 ҳазор доллар, инчунин асфалтпӯш намудани роҳҳои дохилии шаҳраки Навобод аз ҷумлаи ободкориҳое мебошанд, ки Муҳиб Бобоҷонов бо фарзандонаш тайи чанд соли охир ба анҷом расондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ