1 миллион сомонӣ фурӯхта шудани вексел-ҳои «Эсхата»

Дар соатҳои нахустини оғози расмии савдои вомбаргҳои (вексел) Бонки «Эсхата» дар Биржаи Фондии Осиёи Миёна дар Душанбе, ба миқдори 1 миллион сомонӣ вомбаргҳо ба фурӯш рафтанд. Садои гонги Биржаи фондии Осиёи Миёна дар Душанбе имрӯз, 14 апрел баъд аз ду соли боз ташкил шудан, дубора баланд шуд. Нахустин эмитент ва ё ношири коғазҳои қимматнок дар биржа, Бонки Эсхата шуд ва субҳи имрӯз фурӯши вомбаргҳои дусолаи ин бонк бо баҳраи 22 дарсади солона дар ин биржа ба фурӯш гузошта шуд. Дар соатҳои аввалини фаъолияти биржа дар хаҷми 1 миллион сомонӣ вомбаргҳои Бонки Эсхата ба фурӯш рафтанд.

Хуршед Носиров, роҳбари Шӯрои мудирони Бонки Эсхата гуфт, аз натиҷаи рӯзи аввалини ба фурӯш баромадани вомбаргҳо қаноатманд ҳастанд, чунки мунтазир набуданд дар рӯзи нахустин ин микдор вомбаргҳо ба фурӯш мераванд. Алишер Шерназаров, роҳбари биржа гуфт, ин натиҷаҳои аввалини фурӯш аст ва дар давоми рӯз он метавонад тағйир биёбад. Вомбаргҳои дусолаи Бонки Эсхата бо баҳраи собити 22 дарсади солона, ба фурӯш гузошта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *