1 саволу 10 посух. Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон бошад, чӣ кор мекунед?
Аҳли фарҳанг ва намояндагони шоу-бизнес, аз ҷумла Нурулло Абдуллоев, Моҳпайкар Ёрова, Саодат Азизова, Хуршед Мустафоев, Таҳмина Раҷабова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Рафаел Гулов ва дигарон дар посухи як саволи муҳим ба фикр ғутта заданд.
Албатта, саволҳо гуногун мешаванд, аммо ба фикри инҷониб мушкилтарин савол ин аст: «Агар имрӯз охирин рӯзи ҳаётатон бошад, чӣ кор мекунед?». Мо ба ин савол ба намояндагони шоу-бизнес, аҳли фарҳангу ҳунар блоггерон муроҷиат кардем ва ҷавобҳои ҷолиб ҳам дарёфтем.
Яке чӣ кор карданашро намедонад, дигаре он рӯзашро ба узрпурсӣ гузаронданист, саввумӣ хонаи волидонаш меравад ва чаҳорумӣ модарашро ёд кардаву назди ӯ рафтан мехоҳад.
Видеои мазкур шуморо ба ҷавоб ёфтан ба ин саволи мушкил таҳрик медиҳад.
Шумо ба ин савол чӣ посух медиҳед?
Шарҳи худро нависед, хонандаи азиз.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ