1 сентябр рӯзи дониш мешавад
Рӯзи 1 сентябр, ки ба рӯзи якшанбе, яъне рӯзи таътили рост меояд, Рӯзи дониш баргузор хоҳад шуд.
Дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани вақти баргузории дарс» аз 26 августи соли 2019 таъкид шудааст.
Рӯзи 1 сентябр, ки ба рӯзи якшанбе, яъне рӯзи таътили рост меояд, Рӯзи дониш баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани вақти баргузории дарс» аз 26 августи соли 2019 таъкид шудааст.
Дар ин фармоиш омадааст: “Бо назардошти ба рӯзи истироҳат (якшанбе) рост омадани «Рӯзи дониш» 1-уми сентябри соли 2019 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ рӯзи дарсӣ эълон гардида, 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”.
Тибқи ҳамин фармоиш ба сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, директорони мактабҳои президентӣ, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дастур дода шудааст, ки иштироки хонандагону донишҷӯёнро рӯзи 1-уми сентябри соли 2019 ба дарс таъмин намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ