1-уми сентябр идгардак ё дарс?

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳайъати мушовараи вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзи 1 сентябрро Рӯзи Дониш эълон кардааст. Ба ин тартиб, хонандагони мактабҳо ва омӯзгорон бояд дар рӯзи иди Қурбон ба дарс бираванд. Аммо ин хабар ҳанӯз расман эълон нашудааст.

Қарори Шӯрои уламо, ки 1 сентябрро ҳамчун рӯзи иди Қурбон муқаррар кард, кӯдаконро дар як ҳолати сардаргумӣ андохтааст, ки рӯзи иди Қурбон идгардак кунанд ё дарс раванд. Соли нави таҳсил низ дар Тоҷикистон расман 1 сентябр оғоз мешавад.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳайъати мушовараи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 25 август қарор кардааст, ки рӯзи 30 аавгуст барои синфҳои 6-11 дарси сулҳ баргузор гардида, рӯзи 1 сентябр барои синфҳои ибтидоӣ Рӯзи хониш доир карда мешавад. Ба ин тартиб, хонандагони мактабҳо бояд дар рӯзи иди Қурбон ба дарс бираванд.

Як манбаи муътамад дар ин бора чунин хабар дод: «Дирӯз дар бораи Иди Қурбон эълон карданнд, ки 1 сентябр Ид аст ва имрӯз дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон эълон карданд, ки рӯзи 30 август дарси сулҳ барои синфҳои 6-11 ва барои синфҳои ибтидоӣ 1 сентябр Рӯзи дониш эълон карданд Ҳуқуқи конститутсионии мардум чӣ мешавад? Омӯзгорон дар дигар давлат кор мекунанд? Оё аз Конститутсия дар бораи таҷлил намудани ду ид Иди Рамазон ва Иди Қурбонро гирифта бошанд?!”

Вазорати маориф ва илм то ҳол расман дар бораи чунин қарор хабаре нашр накардааст, вале агар ин воқеият дошта бошад, барои бори аввал дар 25 соли истиқлоли Тоҷикистон иди Қурбон рӯзи корӣ эълон хоҳад шуд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон расман рӯзҳои ид эътироф шудаанд ва агар дар рӯзи корӣ иттифоқ биуфтанд, он рӯзҳо расман таътил эълон мешаванд. Ҳам дар корхонаҳову идораҳо ва ҳам дар мактабҳо.

Аммо имсол иди Қурбонро дар Тоҷикистон, бо қарори Шӯрои уламо, 1 сентябр таҷлил мекунанд. 1 сентябр, қарори маълум, рӯзи оғози расмии соли нави таҳсил аст ва дар ин рӯз дар мактабҳо занги аввал садо дода, бо баргузории дарси сулҳ ба соли нави таҳсил сар мекунанд.

Бар асоси қонунҳои мавҷуда, 1 сентябр низ бояд рӯзи таътил эълон шуда, дарс алакай рӯзи душанбе, 4 сентябр сар шавад.

Вале бино ба гузориши «Азия Плюс”, рӯзи ҷумъа, 25 август, имом-хатибон дар мавъизаҳои худ дар намозҳои ҷумъа дар масҷидҳои Душанбе аз мардум даъват кардаанд, ки рӯзи 1 сентябр, дар рӯзи иди Қурбон фарзандони худро ба мактаб бифиристанд.

Онҳо гуфтаанд, «идро касе манъ накардааст, вале иди Қурбон се рӯз аст. Аз ин рӯ, фарзандони шумо рӯзи 1 сентябр, дар рӯзи аввали ид ба мактаб бираванд ва сипас ду рӯзи дигар, ки рӯзҳои истироҳатанд, ид кунанд.”

Имом-хатибон дар мавъизаҳои худ ҳамчунин аз мардум хостаанд, ки идгардаки кӯдаконашонро ҳаддалимкон назорат кунанд ва нагузоранд, ки онҳо дар рӯзҳои ид беназорат монда, ба маконҳои дуртар аз ҷои зисташон идгардак бираванд.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгорони чанд мактаби миёнаву олӣба «Азия Плюс” гуфтаанд, ки рӯзи 1 сентябр ҳадди ақал барои муаллимон рӯзи корӣ эълон шудааст. Онҳо мегӯянд, ки рӯзи 24 август хабарашон додаанд, ки рӯзи 1 сентябр бояд сари кор бошанд.

Вале масъулони вазорати маориф ва илм мегӯянд, то ҳол дар масъалаи рӯзи 1 сентябр ба як қарор нарасидаанд, ки рӯзи таътил эълон шавад ваё ҳама ба дарс биоянд.

Дар ду ҷумҳурии мусулмоннишини Русия – Тотористон ва Бошқирдистон – ба далели ба рӯзи иди Қурбон омадани 1 сентябр оғози соли таҳсилро ба рӯзи душанбе, 4 сентябр қафо партофтаанд.

Дар тӯли 25 соли истиқлоли Тоҷикистон, рӯзҳои идҳои Рамазон ва Қурбон дар ин кишвар ҳамеша рӯзи таътил эълон мешуд.

Вале ду моҳ пеш дар иди Рамазон маъмурияти идораҳои давлатӣ ва мактабҳои миёнаву олӣ як қисми кормандони худро маҷбур карданд, ки дар рӯзи ид ба кор бароянд.

Дар ин авохир мақомот дар Тоҷикистон аз мардум талаб доранд, ки дар оростани дастурхони идонаи худ ва забҳи чорво барои қурбонӣ ба исрофу зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва ба ҷои ин, ба эҳтиёҷмандону ятимон бештар дасти ёрӣ дароз кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *