1-уми сентябр -иди саиди Қурбон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муайян намудааст, ки иди саиди Қурбон дар кишвар, чун дигар кишварҳои мусалмонӣ 1 сентябр таҷлил мегардад.

Тибқи қарори Шӯрои уламо, ки имрӯз, 23-юми август қабул шуд, соати 6:30-и субҳи 1-уми сентябр дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, идро хоксорона таҷлил намоянд ва ба худнамоӣ роҳ надиҳанд. Ӯ аз афроди доро даъват намуд, ки дар ин иди муборак табақаи ниёзмандро дастгирӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *