қарз

10 қарздори калонтарин аз андоз

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 бақияи қарзи андоз 647,6 млн сомонӣ (ҳудуди 60 млн доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода хабар дод.

Ин нишондиҳанда, ба гуфтаи ӯ, 67 млн сомонӣ камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Давлатзода 10 қарздори калонтаринро номбар кард, ки аз нисф зиёди ҳаҷми умумии қарзҳо аз андоз (338,8 млн сомонӣ) ба онҳо рост меояд.

Калонтарин қарздорон инҳоянд:

— корхонаҳои зертобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон — 83,8 млн сомонӣ;

— корхонаҳои зертобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” — 73,2 млн сомонӣ;

— ҶСК «Шабакаҳои тақсимот» — 67,4 млн сомонӣ;

— ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои зертобеи он — 37,8 млн сомонӣ;

— Кони ангишти «Зиддӣ» — 23,6 млн сомонӣ;

— ҶСК «Алюминсохтмон» — 20 млн сомонӣ;

— ҶСК «Ангишт» — 9 млн сомонӣ;

— ҶСК «Шабакаҳои интиқол» — 8,2 млн сомонӣ;

— ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» — 8 млн сомонӣ;

— КВД «Хидматрасонӣ ба нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» — 7,8 млн сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *