10 ҳазор тонна орд: кӯмаки Қазоқистон ба Тоҷикистон

Имрӯз, 22 июн зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо иштироки сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Тажибаев Аскар гуфта шуд, ки Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд кӯмаки башардӯстона равон кард, ки маблағи умумӣ 3 миллиону 669 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар нишасти мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Тоқаев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 19-20 майи соли 2021 баргузор шуда буд, байни сарони давлатҳо дар бораи расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон бо мақсади пур кардани захираҳои озуқаворӣ дар заминаи вазъи бӯҳронӣ, ки дар натиҷаи пандемияи сирояти корнавирус ба амал омадааст, созиш карда буданд.

Қаблан Қазоқистон барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона дар намуди гандум, консервҳои гӯштӣ, равғани растанӣ, ғалладонагиҳо ва шакар равон карда буд ва дар умум аз соли 2006 инҷониб ҳаҷми умумии кӯмакҳои башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 45 миллион долларро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *