10 фоидаи гӯшти моҳӣ

1. Истеъмоли гӯшти моҳӣ барои кам гардидани вазни бадан мусоидат намуда, ҳуҷайраҳои пӯсти чеҳраро ҷавон ва зебову таранг нигоҳ медорад.

2. Иммунитетро боло мебардорад ва касалиҳои меъдаву фарбеҳшавиро пешгирӣ менамояд.

3. Одамоне, ки мунтазам моҳӣ мехӯранд, дар онҳо эҳтимоли гирифторӣ ба афсурдаҳолӣ камтар аст.

4. Гӯшти моҳӣ нисбат ба гӯшти гов ва паранда зуд ҳазм шуда, организм онро тезтар аз худ менамояд.

5. Кори мағзи сарро беҳтар ва ҳангоми пирӣ хотираи инсонро мустаҳкам менамояд.

6. Хӯрдани моҳӣ метавонад хатари бемории ишемияи дилро коҳиш диҳад.

7. Равғани моҳӣ барои тоза намудани пӯсти инсонҳо аз ҳар гуна доғ ва доначаҳо хеле таъсирбахш аст.

8. Моҳӣ хатари пайдошавии баъзе намудҳои бемории саратонро кам менамояд.

9. Инчунин устухони моҳӣ давои беназир буда, дар таркибаш калтсий, калий ва витамини А хеле фаровон мебошад. Кӯфтаи устухони моҳӣ барои нест намудани ҳуҷайраҳои саратон ёрӣ мерасонад.

10. Гӯшт ва устухони моҳӣ аз ҳама муҳим ба иллатҳои вобаста ба майнаи сар, аз ҷумла саръ (эпилепсия) фоида дошта, ҳамзамон барои пешгирии касалиҳои сироятшавандаи вирусӣ ва зуком давои беҳамто мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *