10-фоидаи суманак ба саломатии инсон

Рамзи асосии Наврӯз суманак мебошад, ки онро сумалак низ, мегӯянд. Ҳазорсолаҳо инҷониб бонувон бо ин таоми лазиз дар иди Наврӯз хотири аҳли оила ва азизони худро шод мегардонанд. Суманак дар баробари бениҳоят бомазза буданаш ба саломатии инсон фоидаҳои зиёде дорад.

1. Суманак ҷисми инсонро аз витаминҳо саршор месозад

    Оламон исбот кардаанд, ки дар таркиби майсаи гандум, ки сумалак аз он тайёр карда мешавад,  18-20  намуди аминокислотаҳо ва витаминҳои С, В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F, ҳамчунин фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, манган, руҳ, молибден ва ғайра мавҷуданд, ки ба ҷисми инсон махсусан дар фасли баҳор ниҳоят зарур мебошанд. Ба ғайр аз ин, суманак хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин ёрӣ мерасонад, бинобар ин, ба шахсоне, ки мушкили камхунӣ доранд, бештар суманак истеъмол кардан тавсия дода мешавад.  Маъмулан, дар фасли баҳор аксарият ба  авитаминоз гирифтор мешаванд. Сабаб дар он аст, ки дар давраи зимистон ҷисми мо тамоми захираи худро сарф мекунад. Касоне, ки ба авитаминоз гирифторанд, бояд рӯзҳои наврӯзиро пурсамар истифода бурда, бештар суманак хӯранд.

    2. Холестирин ва моддаҳои заҳрнокро аз организми инсон мебарорад

    Шарбати сабзаи гандум дар баробари витаминҳое, ки дар боло номбар кардем, ҳамчунин аз нах, яъне клетчатка, гемоселлюлоза ва пектинҳо бой буда, ба кори бонизоми узвҳои ҳозима фоида дорад. Нахе, ки дар таркиби сабзаи гандум мавҷуд аст, барои ҳазм кардани ғизо кӯмак мерасонад. Пектинҳо ба микрофлораи рӯда таъсир расонида, заҳрҳо, холестерин ва кислотаҳои талхаро аз организм хориҷ мекунанд.

    3. Суманак-давои дисбактериоз, захми меъда ва ва санги талхадон

    Моддаҳои муфиде, ки дар таркиби суманак вуҷуд доранд, барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон кӯмак мерасонанд. Ба гирифторони захми меъда низ, суманак фоида дорад.

    4. Суманак иммунитети инсонро пурқувват месозад

    Бо сабаби манбаъи витамин ва минералҳои ҳаётан муҳим буданаш, суманак иммунитети инсонро пурқувват гардонида, барои бо  бемориҳои сироятӣ мубориза бурдани организм ёрӣ мерасонад.

    5. Суманак-давои бемориҳои дил

    Ба шахсоне, ки ба иллатҳои дил гирифторанд, тавсия дода мешавад, ки дар фасли баҳор бештар суманак хӯранд, зеро ин таоми лазиз ба бемориҳои дилу рагҳо фоида дорад.

    6. Суманак асабро ором месозад

    Суманак натанҳо ба ҷисми инсон фоида дорад, балки истеъмоли ин ғизои бомазза табъро низ, болида гардонида, ба ҳолатии рӯҳии шахс таъсири мусбат мерасонад. Суманак асабро ором месозад, ва ҳамзамон, барои одамоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, фоиданок буда, хоби бароҳати шахсро таъмин менамояд. 

    7. Суманак нури чашмро равшан мекунад

    Ба шахсоне, ки биноии чашмонашон суст гаштааст, бештар суманак хӯрданро тавсия медиҳем, зеро ин ғизои лазиз қувваи босираро қавӣ гардонида, нури чашмро равшан месозад.

    8. Суманак мӯйи сарро дароз карда, касро ҷавону зебо месозад

    Суманак натанҳо барои саломатӣ, балки барои зебоии зоҳирии  инсон низ, фоида дорад. Исбот шудааст, ки ин таоми болаззати баҳорӣ ба сабзиши решаҳои мӯй мусоидат мекунад. Суманак мӯйи сарро дароз карда, ба пӯсти рӯй таровати тоза мебахшад.

    Хуллас, суманак ба ҷавон шудани ҳуҷайраҳои бадан ёрӣ расонида, пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад. Ҷавон мондан хоҳед, беҳтар суманак хӯред.

    9. Суманакро бо чӣ хӯрдан мумкин нест?

    Аммо суманакро бо ҳар хел хӯрокҳои дигар омехта кардан боиси сар задани баъзе мушкилиҳои саломатӣ гашта метавонад. Дар ёд дошта бошед, ки суманакро бо ин чизҳо хӯрдан мумкин нест:

    1. Хӯрокҳои серравған
    2. Хӯрокҳои сахти хамирӣ
    3. Гӯштбирён, махсусан бо гӯшти гусфанд
    4. Истеъмоли гӯшти моҳӣ баъди хӯрдани суманак
    5. Нӯшидани нӯшокиҳои спиртӣ

    Дар сурати бо хӯрданиҳои дар боло номбаршуда омехта кардани суманак ҳолати кас бад шуда, дилбеҳузурӣ, қайдкунӣ ва дамиши шикам ба вуҷуд омада метавонад. Барои пешгирии ин мушкилиҳо суманакро танҳо истеъмол карда, баъди хӯрдани он ақаллан ду-се соат аз дигар хӯрокҳо худдорӣ намоед.

    10. Тарзи тайёр кардани суманак

    Хонандагони азиз, мо ба шумо дар бораи фоидаю зарари суманак маълумот додем. Акнун, тарзи тайёр кардани суманакро пешкаши онҳое мегардонем, ки мехоҳанд ин ғизои лазизро бо дастони худ омода кунанд

    Барои пухтани суманак маҳсулоти зиёд лозим нест. Дар оғоз, шумо бояд 2-3 кг гандумро нағзакак шуста, муддати як шабнарӯз онро дар об тар карда монед. Пас аз ин, гандумро дар табақҳои калон тунук карда, болояшро бо дока пӯшонед. Онро дар як шабонарӯз 4 -5 маротиба об пошидан лозим аст. Вақте борон меборад, метавонед табақи гандумро зери борон гузоред. Оби борон ба зудтар сабзидани суманак ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, муддати 3 -4 рӯз гандум неш зада мебарояд. Пас аз он ки қади сабзаи неш зада тақрибан ба 5 -6 сантиметр расид, онро дар уғурак кӯбед, ё аз гӯштқиммакунак гузаронед. Вақте сабзаи суманакро мекӯбед, ё аз гӯштқиммакунак мегузаронед, шира соҳил мекунад. Шираи гандумро аз дока полонда, ба сатилҳо ё тағораҳои калон гиред. Пас аз ин, зери деги калон оташ гиронда, аввал каме равған андозед, то таги суманак нагирад, баъд шираи полондаро ба дег андохта, то пӯхтанаш, муддати 10-12 соат онро пайваста кофта истед. Барои он ки таги деч начаспад, ба он чанд дона сангчаро тоза шуста, андохтан мумкин аст. Баъзеҳо ба деги суманак чормағз меандозанд.

    Пухтани суманак кори осон нест, бинобар ин, аксаран занҳо 5-6 нафарӣ ҷамъ шуда, якҷоя дар дегҳои калон суманак мепазанд, ва то пухтани он дар гирди дег рақсу бозӣ карда, суруду таронаҳои наврӯзӣ мехонанд. Ҳангоми кофтани деги суманак кас дар дил чи орзуе, ки накунад, орзуяш амалӣ мегардад. Ногуфта намонад, ки суманакро дар шакли кулча низ, пухтан мумкин аст. Барои пухтани суманаки кулчагӣ кадбонуҳо ба шираи полондашуда орд андохта, хамир мешӯранд, ва аз хамири ҳосилшуда чанд кулча сохта, дар танӯр, ё дар тафдон мепазанд.

    Аз рӯйи таомули тоҷикона пас аз пухтани суманак онро ба хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳо низ, тақсим мекунанд, то тамоми сол дар ваҳдату ягонагӣ бо сулҳу субот умр ба сар баранд, ва ризқу рӯзии аҳли оилаю тамоми маҳал фаровон гардад. Наврӯзатон муборак!

    Ф. Сатторӣ

    Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
    Моро пайгири намоед
    Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

    Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


    Шарҳ

    Назари дигар доред? Нависед!

    Leave a Reply

    Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



    preload imagepreload image