10-ГОНА. «Помир Энерҷӣ» чӣ иқтидор дорад?

Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ёздаҳ неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обиро фаро мегирад, ки аз онҳо даҳтоаш айни замон мавриди истифода қарор доранд.

НБО-И «Помир-1» — сохтмони НБО-и «Помир-1» солҳои 1980-и асри гузашта оғоз ёфта, соли 1994 навбати аввали он, яъне ду дастгоҳи нахустин бо иқтидори 14 МВт ба истифода дода шуданд. Даври дуюми сохтмон дар соли 2005 бо расонидани иқтидори лоиҳавии он ба 28000 кВт анҷом ёфта ва бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Барои муътадил ва боэътимод таъмин намудани ҳавзи таъмини шабонарӯзии НБО дар фасли зимистон дар кӯли Яшилкўл иншооти танзимкунанда бунёд шуда, бо ёрии он ҳаҷми лозимии об ба ҳавзи таъмини шабонарӯзии истгоҳ ворид мегардад.

НБО-и «Хоруғ» дар соли 1970 ба истифода дода шуда, 5-то дастгоҳи он ҳамагӣ  8700 кВт барқро истеҳсол мекунанд. Баъди таъсисёбии  Ширкати «Помир Энерҷӣ» азнавсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва системаи идоракунии он амалӣ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши НБО 5 система – системаи ПУМА – панели идоракунӣ бо дастгоҳҳои хурд, системаи САУ — тарзи идоракунии автоматикии гидроагрегатҳо, системаи танзими оббандҳо, системаи ЗРУ (таҷҳизоти тақсимкунандаи пӯшида) ва системаи таъмини ҷараёни доимӣ ҷорӣ карда шуда, тавоноии НБО ба 9000 кВт расонда шуд.

НБО-и «Намангут» дар соли 1974 бо истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар ноҳияи Ишкошими ВМБК ҷойгир аст. Ду дастгоҳи он аз рӯи иқтидори лоиҳавӣ ба 2500 кВт баробар ҳастанд. Алҳол истгоҳ дар фасли тобистон бо иқтидори 1750 кВт, дар мавсими зимистон бо иқтидори 1500 кВт кор мекунад. Дар соли 2014 НБО баъд аз таъмиру иваз намудани системаи идоракунӣ ба шабакаи марказии «Помир Энерҷӣ» пайваст карда шуд. Дар айни замон азнавсозии қисми турбинаи ҳар ду дастгоҳи кории НБО идома дошта, тавоноии барқистеҳсолкунии он ба 2000 кВт расонда мешавад.

 НБО-и «Ванҷ» дар соли 1968 ба истифода дода шуд. Истгоҳи номбурда дар ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он ба 1200 кВт баробар аст. Соли 2005 баъд аз азнавсозӣ ва иваз намудани системаи идоракунӣ НБО ба шабакаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пайваст карда шуда, дар айни замон дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад.

 

 

 

НБО-и «Оқ-Су» (ҳоло НБО-и «Тоҷикистон») баландтарин истгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ буда, соли 1964 мавриди истифода қарор гирифт. Истгоҳ дар ноҳияи Мурғоб дар болооби дарёи Оқ-Су сохта шудааст. Иқтидори лоиҳавии 2 дастгоҳи неругоҳ 640 кВт буда, солҳои охир дар фасли тобистон то 300 кВт ва дар мавсими зимистон ҳамагӣ то 140 кВт неруи барқ истеҳсол мекард. Тобистони соли 2015 аз таъсири селравӣ иншоотҳои НБО, аз ҷумла, бинои асосӣ ва канали обтаъминкунанда зарари ҷиддӣ дида, масъалаи азнавсозии пурраи он ба миён омад. Азнавсозии куллии неругоҳ охири моҳи августи соли 2018 ба анҷом расонда шуда, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 13 сентябри соли 2018 бо тавоноии 1500 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

НБО-и «Шуҷанд» соли 1969 ба истифода дода шуд. Истгоҳи номбурда дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он ба 640 кВт баробар буд. Дар соли 2016 НБО баъд аз таъмиру иваз намудани системаи идоракунӣ ба шабакаи марказии «Помир Энерҷӣ» пайваст карда шуда, дар айни ҳол бо тавоноии 550кВт фаъолият намуда истодааст.

 

 

НБО-и «Техарв» соли 1995 ба истифода дода шуд. Истгоҳи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи он 360 кВт пешбинӣ шудааст. Дар соли 2016 неругоҳи номбурда пурра азнавсозӣ шуда, бо иваз намудани системаи идоракунӣ ба шабакаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пайваст карда шуд. Дар айни замон НБО дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад.

 

 НБО-и «Андарбак» соли 1999 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии дастгоҳи он ба 300 кВт баробар буд. Баъд аз селравии тобистони соли 2015 НБО пурра азнавсозӣ шуда, тавоноии он ба 350 кВт расонда шуд. Ҳамзамон дар соли 2017 баъд аз иваз намудани системаи идоракунӣ НБО-и номбурда ба шабакаи марказии «Помир Энерҷӣ» пайваст карда шуд.

 

НБО-и «Сипонҷ» соли 1991 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он 160 кВт буда, солҳои охир ҷиҳати куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизотҳо иқтидори он ҳамагӣ 80 кВт-ро ташкил медод. Дар соли 2016 НБО пурра азнавсозӣ шуда, иқтидори он ба 160 кВт расонда шуд.

 

 

НБО-и «Савноб» соли 1989 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи истгоҳ 80 кВт ташкил дода, солҳои охир ҷиҳати куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизотҳо иқтидори истгоҳ ҳамагӣ 40 кВт-ро ташкил медод. Дар соли 2016 НБО пурра азнавсозӣ шуда, дар айни замон бо иқтидори 125 кВт фаъолият намуда истодааст.

 

 

Иқтидори муқарраршудаи умумии неругоҳҳои номбаршуда 43,280 кВт буда, иқтидори кунуниашон бо ба кор даровардани НБО-и «Тоҷикистон» дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ба 44,295 кВт расонда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *