10-гонаи муассиртарини варзиш

Лука ди Монтеземоло — Президенти Ferrari. Ширкати ӯ «Феррари» дар Арупо аз истеҳсолкунандагони пешсафи мошинҳо барои Формула-1 ба шумор меравад.

аз Ҷонни Инфантино то Мария  Шарапова

Бинобар ҷамъбасти рейтинги нашрияи Business Week, одамони муассиртарини ҷаҳони варзиш моликони бошгоҳҳои футбол, ситораҳои теннис, футбол ва баскетбол маҳсуб меёбанд. Нашрия ба 10-гонаи муассиртарин одамони ҷаҳони варзиш, инчунин, шахсонеро шомил намудааст, ки бидуни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, муваффақиятҳои назаррасро ноил гардидаанд.

1. Ҷонни Инфантино 

Ҷонни Инфантино — президенти нуҳуми ФИФА аз  26 феврали соли  2016, ҳуқуқшинос, дар сари чанбари ташкилоти ҷаҳонии варзиши рақами 1 қарор дорад. Баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия ва вориди навгониҳо ба ин мусобиқоти бонуфуз Инфантиноро шахси муассир дар варзиш гардондааст.

2. Томас Бах 

Томас Бах — президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ. Ходими намоёни ҳаракати олимпӣ аз 10 сентябри соли  2013 ба ин вазифа интихоб гардид. Таҳти роҳбарии ӯ Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 ва Пхёнчхан-2018 бо шукӯҳу шаҳомат баргузор шуданд.

 3. Бернард Экклстоун

Бернард Экклстоун сарварии мусобиқаҳои беназири Формула-1-ро ба зимма дорад. Ӯ собиқ пойгачии мошинҳои варзишӣ, бар замми саҳмгузорӣ дар рушди  ин намуди варзиш, даромадҳои зиёд низ ба даст меорад.

4. Герберт Гайнер

Герберт Гайнер – директори генералии ширкати «Adidas» ба шумор меравад. «Adidas» як қисмати ҷудонашавандаи варзиши муосир мебошад. Либосҳои варзишии ин истеҳсолкунандаи олмониро  дастаҳои машҳуртарини олам писадидаанд.

5. Роман Абрамович

Роман Абрамович, соҳибмулки Бошгоҳи футболи «Челси». Сарватманди русиягӣ солҳост, ки ин тими номдори Англияро сарпарастӣ мекунад.

6. Криштиану Роналду

Дастаи «Реал»-и Мадрид бо ин футболбози машҳур борҳо чемпиони Испания гардида, се маротиба унвони Қаҳрамони лигаи чемпионҳои Аврупоро соҳиб шуд. Унвону ҷоизаҳои дигари Роналду барои миллионҳо мухлисони ин ситораи футбол маълуманд. Вай имрӯз дар ҳайати тими «Ювентус»-и Италия маҳорати олиашро нишон медиҳад.

7. Лука ди Монтеземоло

Лука ди Монтеземоло Президенти Ferrari. Ширкати ӯ «Феррари» дар Арупо аз истеҳсолкунандагони пешсафи мошинҳо барои Формула-1 ба шумор меравад.

8. Яо Мин

Яо Мин баскетболбози дастаи «Хюстон Рокетс», 2,29 метр қад дошта, рамз ва ифтихори миллии Хитой ва варзиши ин кишвар эътироф гардидааст.

9. Лалит Моди

Лалит Моди— раиси Премйер-лигаи Ҳиндустон оид ба крикет, асосгузори ин ташкилоти варзишии  машҳур  маҳсуб меёбад. Ӯ дар рушди варзиши крикет чӣ дар ватанашу чӣ дар миқёси ҷаҳон саҳмгузор аст.

10. Мария Шарапова

Теннисбози рус Мария Шарапова муассиртарин зан дар варзиш шинохта шудааст. Ғолиби бисёркаратаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин,  аз барои нақшофариҳояш дар роликҳои рекламавии ширкатҳо фоида мебинад.

Таҳияи Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *