10-гонаи соли 2019: Киҳо дар рейтинги “Тоҷикистон” роҳ ёфтанд?

Баъд аз чанд рӯз соли 2019 паси сар мешавад. Соли гузашта дар ҳаёти мардуми  Тоҷикистон чӣ бурду чӣ бохт дошт?  Ин суол мисли ҳамешагӣ дар зеҳни таҳлилгарону соҳибназарон гардиш мехӯрад ва мехоҳанд посух пайдо кунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” чун анъана пурсиши солро мегузаронад ва 10 чеҳраи мавриди таваҷҷуҳи мардумро, ки дар бахшҳои муҳим муваффақ ҳисоб мешаванд, муайян мекунад. Аз соҳибкор то вакилу вазир ва раиси солро хонандагони “Тоҷикистон” муайян карданд.

Озода Раҳмон – сиёсатмадор ва бонуи сол

Соли равон респондентони рейтинги шахсиятҳои соли Тоҷикистон бону ва сиёсатмадори солро дар симои Раҳмон Озода Эмомалӣ- Роҳбари Дастгоҳи Президент ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб карданд.

Озода Эмомалӣ аз оғози соли равон дар сархати расонаҳои дохил ва хориҷи кишвар қарор гирифт, зеро санаи 3 январи соли равон Созмони байналмилалии Women Political Leaders (WPL, Занони сиёсатмадори роҳбар) Озода Раҳмон –ро ба унвони сафири худ дар Тоҷикистон таъин кард.

Озода Раҳмон – духтари дуюми Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, аз соли 2016 Роҳбарии Дастгоҳи Президент аст. Қаблан ӯ дар мақомҳои сардори раёсати консулӣ, муовин ва муовини якуми вазири хориҷии Тоҷикистон кор карда буд.

Соли равон санҷиши ғайриинтизори қабули шаҳрвандон аз ҷониби раисони шавҳру навоҳӣ ва вокунишу расидагӣ ба муроҷиатҳои шавҳрвандон Озода Раҳмонро мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дод.

Муҳаммад Мирзо-соҳибкори сол

Муҳаммад Мирзо, директори генералии ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» зимни  назарсанҷии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” соҳибкори муваффақи соли 2019 дониста шуд. Ин пурсиш дар доираҳои гуногун, махсусан соҳибкорону тоҷирон ва хонандагони ҳафтанома, ки мавзӯъҳои иқтисодиро пайгирӣ мекарданд, сурат гирифт. Онҳо Муҳаммад Мирзоро ба он хотир соҳибкори муваффақ донистанд, ки соли сипаришуда бо иқдомҳои ӯ  Корхонаи обҳои ташнагишикан ва спиртии “Сиёма” дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт. Ин корхона имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд. Инчунин, машруботи дар ин корхона истеҳсолшаванда асосан барои содирот пешбинӣ шудааст.

Акбар Турсон – олими сол

Номи академик Акбари Турсон соли равон ба муносиати 80-солагиаш дубора дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Мусоҳибаҳои ошкоро ва андешаҳои олим дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ хонандаи зиёд пайдо кард. Бисёре аз респондентони мо қайд карданд, ки андешаҳои Акбари Турсон фазои тира ва пурмушкили илми тоҷикро инъикос кард ва намунаи олии равшанфикр ва зиёии тоҷик будани устодро собит намуд.

Рисолаҳои ахири Акбари Турсон дар бораи нақши Аҳмади Дониш дар таъриху фарҳанги тоҷик ва муносибати дини ислом ба Наврӯз низ аз ҷониби аҳли илм хуб пазируфта шуд ва дар даҳҳо маҷаллаҳои дохилу хориҷ ба табъ расиданд.

Абдуҳалим Ғаффоров-вакили сол

Имсол пурсидашудагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  номи Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҲСТ-ро ҳамчун вакили соли 2019 бештар ба забон гирифтанд. Вақте ки аз респондентҳо, ки дар миёнашон аъзои парлумон ҳам буданд,  суол мекардем, ки чаро маҳз Ғаффоровро вакили сол эълон медонанд, онҳо асоснок мекарданд, ки парлумони кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ хеле хомӯш аст ва бештари санадҳо бидуни баҳсу муҳокимарониҳо қабул мешаванд. Аммо гоҳ-гоҳе Абдуҳалим Ғаффоров пинаки баъзе аз вакилон ва мансабдорони  хоболудро мепарронд ва мавқеи худро ошкоро нишон медод. Сухани ӯ  дар баъзе маврид ба инобат ҳам гирифта мешуд.  Зеро Абдуҳалим Ғаффоров аз вакилони куҳансоли парлумон маҳсуб меёбад ва нисбаташ эҳтиром мегузоранд.  Гоҳо бо мансабдорони давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллӣ, баҳсҳо карда, масъалагузорӣ мекард.  

Қурбони Собир — ҳунарманди сол

Хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” аз миёни ҳунармандони саршиноси кишвар бештар ба ҷонибдории Қурбони Собир овоз доданд. Зеро номбурда ҳунарманди фаъол аст. Ширкати доимӣ дар филмҳо ва дубляж ба ҳунарпеша маъруфияти зиёд оварда, қироати шеърҳо аз ҷониби ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тамошобини зиёд дорад.

Соли равон Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ спектакли “Фирдавсӣ”-ро аз рӯйи романи ҳамноми Сотим Улуғзода ба саҳна гузошт. Нақши Фирдавсиро дар ин намоиш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир иҷро кард. Спектакли мазкур тамошобини зиёд пайдо кард ва дар ҳар рӯзи намоиш толор пури тамошобин буд. Ин намоиш дар ҷашнвораи театрҳои кишвар “Парасту 2019” соҳиби шоҳҷоиза шуд. Баъдан дар Ҷашнвораи байналмилалии театрии ART-ОРДО-и Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок кард ва иҷрокунандаи нақши асосии он Қурбони Собир соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода-раиси сол

Дар пурсиши имсолаи “Тоҷикистон” Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд нисбат ба дигар роҳбарон бештар овоз гирифт. Аксарият ӯро раиси сол эълон доштанд, зеро дар як муддати кӯтоҳ номбурда вилоятро ба як маркази саноатӣ ва содироти маҳсулот ва кишварҳои хориҷ таблил дод.  Имрӯз ҳама атрофи Аҳмадзода ҷамъ омада,  ба бунёдкорӣ ва созандагии вилоят  дасту остин барзаданд.

Зубайдулло Зубайдзода-сафири сол

Имсол исми Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Қувайт дар рӯйхати пурсидашудагон бештар қарор гирифт. Чаро? Ӯ дар соли сипаришаванда 84 кӯдаки ноболиғи тоҷик, ки дар қаламрави кишвари ҷангзадаи Ироқ қарор доштанд, бо роҳи гуфтушунид ба Тоҷикистон овард. Зубайдзода бо ин амалаш  қаҳрамонӣ нишон дода, дар сархати расонаҳои дохил ва хориҷӣ  қарор гирифт.  Аксарияти ин кӯдакон пайвандонашонро дар кишварҳои ҷангзада аз даст дода буданд. Ин кӯдакон 30 апрел тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд. Ноболиғон  ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи узви ДИИШ ва дигар неруҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шуда буданд. Имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон парасторӣ ва таълиму тарбияи ин фарзандони тоҷикро бар зиммаи худ гирифтааст.  

Муҳаммад Ғоиб — адиби сол

Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоибро ҳамаи Тоҷикистон мешиносад. Ашъори ӯ миёни хонандагон маҳбубият дорад. Сурудҳое, ки сарояндагон аз эҷодиёти ин шоир месароянд, кайҳо халқӣ шудаанд. Вале дар охири соли 2019 Муҳаммад Ғоибро туҳфаи ғайричашмдошт интизор буд. Зеро шоир дар ҷаласаи панҷоҳуми Асамблеяи байнипарлумонии ИДМ сазовори Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов шуд. Ҷоизаи мазкурро рӯзи 22-юми ноябр дар толори Думаи қасри Таврическийи шаҳри Санкт Петербург тариқи Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба шоир фиристоданд. Мукофотпулии ҷоиза 30 ҳазор доллари ИМА аст.

Респондентони мо Ҷоизаи Чингиз Айтматовро, ки дар ҳудуди ИДМ баъд аз Ҷоизаи Нобел дувумин ҷоизаи эътирофшудаи адабист, на танҳо дастоварди Муҳммад Ғоиб, балки туҳфаи беназир ба адабиёти тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Шамсиддин Орумбекзода – вазири сол

Шаҳрвандони кишвар моҳҳо пушти дари вазирон навбат меистанд, ки ба қабули онҳо шарафёб гарданд, вале вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода аз ин шумул инсонҳо нест. Ӯро метавон дар кӯчаву бозор ва ё роҳрави вазорат вохӯрд ва бенавбат ба дидораш расид. Дар чорабиниҳои фарҳангӣ низ корафтодагон метавонанд муддаояшонро ба вазир гӯянд.

Орумбекзода дар рӯзи иду ҷашнҳо бевосита ба хонаи ҳунармандони калонсол рафта, онҳоро аёдат мекунад, дар мавлуду шабҳои эҷодиашон ширкат варзида табрик мегӯяд. Умуман ӯ вазири фурӯтан, мардумӣ, дастрас ва ҳалолкор аст. Мегӯянд, ки вазир дар Душанбе хонаи шахсӣ надорад ва дар бинои ҳукуматӣ иқомат мекунад. Бинобар ин, аксари респондентон Орумбекзодаро вазири сол интихоб карданд.

Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов — боғдори сол

Дар пурсиши боғдори сол хонандагони «Тоҷикистон» номи Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, ангурпарвари шинохтаи шаҳри Турсунзодаро гирифтанд. Ангурбоғи Ҳоҷӣ Неъмат, ки номи хоҷагии «Ватан»-ро дорад, беш аз 105 гектарро ташкил медиҳад. Ҳоҷӣ Неъмат ҳамчун таҷрибадори соҳа барои шинонидани ниҳол, нигоҳубин ва парвариши ток ба чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар карда, маслиҳатҳо додааст. Хоҷагии деҳқонии Ҳоҷӣ Неъмат соли 2011 ташкил шуда, ба комёбиҳои бузург ноил шудааст. Борҳо меҳмонони сатҳи давлатӣ, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Беларус Александр Лукашенко ва дигар сиёсатмадорони варзида аз боғи Ҳоҷӣ Неъмат дидан карда, аз ангурҳои шаҳдбори парваридаи ӯ чашидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *