10 маслиҳат ба одамони дилкасал дар гармо
1. Ҳамеша бо худ доруҳои таъиншударо гиред.
2. Ҳатман он доруеро, ки барои субҳ духтур таъин кардааст, истеъмол намоед.
3. Ҳангоми аз хона берун шудан бо худ бояд оби бегаз дошта бошед.
4. Бо худ рӯймол ва ё дастпоки коғазӣ гиред, то ин ки дар вақти зарурат онро тар намуда, дасту рӯй ва пойҳоро тар карда, бо ин васила ҳарорати бадани худро муътадил нигоҳ доред.
5. Дар офтоб худро насӯзонед ва мунтазам аз нурҳои сӯзони офтоб дурӣ ҷӯед.
6. Агар ҳаво хеле гарм бошад, хуб мешавад, ки аз хона берун нашавед.
7. Либосҳо аз матои табиӣ пӯшед.
8. Рӯзона на камтар аз якуним литр об нӯшед.
9. Ба низоми таомҳо ва ғизои парҳезӣ гузаред, меъдаро бо ғизои вазнин пур накунед.
10. Хеле муҳим аст, ки шароб истеъмол нанамоед ва сигор ҳам накашед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ