10 медали тиллоӣ варзишгарони тоҷик

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд ҷамъбаст гардид.

Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар он беш аз 80 варзишгар аз Тоҷикистону Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Белорус иштирок намуданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқа бомаҳорати баланд, соҳиби 10 медали тилло, 9 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. 

Бино бар гузориши хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар сабқати мазкур 52 нафар ғолибони мусобиқа бо ҷому мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 3 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ гардиданд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷоизадорони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дилому мукофотпулиҳоро супорид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *