10 миллиард доллар кумак ба Қирғизистон

Қирғизистон тайи солҳои истиқлоли худ аз шариконаш дар ҳаҷми 10,5 миллиард доллар кумак дарёфт кардааст.

Ба гуфтаи Даниёр Имоналиев, сардори шуъбаи рушди стратегӣ, иқтисод ва молияи дастгоҳи президенти Қирғизистон, маблағи мазкур ба соҳаҳои иқтисодӣ аз қабили нақлиёт, энергетика, обёрӣ, тандурустӣ, маориф, ҳолатҳои изтирорӣ ва муҳити зист ҷудо шудааст.

Қарор аст, 19 ноябр дар шаҳри Бишкек ҳамоиши сармоягузории «Тезонидани ислоҳот барои рушди боустувор» бо иштироки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва намояндагони 25 созмони байналмилалӣ баргузор шавад.

Иштирокдорон масъалаҳои рушди минтақаҳо, фазои сармоягузорӣ, рушди сармояи инсонӣ, идораи манбаъҳои обӣ, муҳити зист ва ҳолатҳои изтирориро баррасӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *