10 миллион даромади блогерони тоҷик дар 6 моҳ
Дар 6 моҳи соли равон блогерон ба мақомоти андози Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор сомонӣ супоридаанд.
Тавре Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, онҳое, ки ба блогерӣ ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланду дар мақомоти андоз сабти ном шудаанд, ба 81 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 нафар зиёд мебошанд.
Даромади онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, дар давоми 6 моҳ зиёда аз 10 млн сомониро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ