Имзои 10 санади ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ӯзбекистону Тоҷикистон
Зимни як нишаст дар шаҳри Душанбе миёни соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳ санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Аксари ин санадҳо марбут ба корхонаи “Узавтосаноат” буда, ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ миёни ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро фароҳам хоҳад овард. Ин нишаст, ки 19 апрел сурат гирифт, ҳудуди 500 нафар аз соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.
Ҷониби Тоҷикистон бештар сари масъалаи соҳаи нассоҷӣ, нерӯи барқ ва захираҳои маъдан истодагарӣ кардааст, зеро ин бахшҳои муҳим метавонанд дар бозори Ӯзбекистон харидор дошта бошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ