10- тағйирот дар ҳаёти муҳоҷирони тоҷик
Наврӯз рамзи соли нав аст. Соле, ки сипарӣ шуд, барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик соли пур аз санҷишу имтиҳон ва душвориҳо буд. Имрӯз, мо дар бораи 10 навигарие маълумот медиҳем, ки аз Наврӯзи соли 2024 то Наврӯзи соли 2025 дар ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба вуқуъ пайвастанд.
1. Профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ
Аз 1-уми декабри соли 2024 дар Россия ҷамъоварии маълумотҳо барои созмон додани профили рақамии шаҳрвандони хориҷӣ оғоз ёфта, аз 30 июни соли 2025 фаъол мегардад, ки дар он оид ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷири меҳнатӣ тамоми маълумотҳо гирд оварда шудаанд. Мақсади ташкили профили рақамӣ зери назорат гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия мебошад.
2. Реестри шахсони назоратшаванда
Россия “Реести шахсони назоратшаванда”-ро тартиб дода, дар қатори шаҳрвандони хориҷӣ номи 120 000 шаҳрванди Тоҷикистонро низ, ба он ворид кард. Ба шахсоне, ки номашон ба ин реест афтидааст, мӯҳлат дода шуд, ки ихтиёрӣ қаламрави Россияро тарк кунанд, ё ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, будубошашонро қонунӣ гардонанд, дар акси ҳол аз кишвар ихроҷ мешаванд.
3. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои муҳоҷирон
Россия ҳуқуқҳои шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба Реестр афтидаанд, маҳдуд кард. Суратҳисобҳои бонкии ин шахсон баста шуда, наметавонанд амалиётҳои бонкӣ гузаронанд. Ба чунин шахсон мошин рондан, бастани ақди никоҳ, харидани хона, ё дигар амвол, ва иваз кардани ҷойи зисти худ бе розигии ВКД ФР манъ аст.
4. Кормандони ВКД-и Россия метавонанд бидуни санади судӣ муҳоҷиронро ихроҷ кунанд
Аз 5-уми феврали соли 2025 бо мақсади фавран берун кардани кардани шаҳрвандони хориҷие, ки буданашон барои мардуми ФР хатар дорад, ба мансабдорони Вазорати корҳои дохилии Россия ҳуқуқ дода шудааст, ки бидуни санади судӣ онҳоро аз қаламрави Россия ихроҷ-депортатсия кунанд.
5. Тағйир ёфтани қоидаҳои будубош дар Россия
Аз 5-уми феврали соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ ӯҳдадоранд аз анҷом додани ҳама гуна амалҳое, ки боиси халалдор гаштани манфиатҳои Россия мегарданд, худдорӣ намоянд.
6. Мӯҳлати будубош дар Россия аз 180 ба 90 рӯз расид
Аз 1-уми январи соли 2025 муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи қонун бидуни раводид — виза дар ФР метавонанд бошанд, кӯтоҳ карда, аз 180 рӯз ба 90 рӯз дар як сол расид. Акнун, ғайр аз шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ кор, ё таҳсил мекунанд, дигар шаҳрвандони хориҷӣ бештар аз 90 рӯз дар як сол дар Россия монда наметавонанд.
7. Мӯҳлати дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштан кӯтоҳ шуд
Аз 5 феврали соли 2025 мӯҳлати дар қайди муҳоҷиратӣ гузоштани шаҳрвандони хориҷӣ кӯтоҳ гашта, ба як сол расид. Қаблан, мӯҳлати қайди муҳоҷиратӣ ба мӯҳлати шартномаи меҳнатӣ, иҷораи амвол, ё мӯҳлати раводид вобастагӣ дошт.
8. СИМ-корти ба муҳоҷирон бо маълумотҳои биометрӣ дода мешавад
Тибқи Қонуни Федералии Россия “Дар бораи алоқа” акнун барои гирифтани симкорт шаҳравандони хориҷӣ бояд то 1-уми июни соли 2025 маълумотҳои биометрии худро пешниҳод кунад. Ба шахсоне, ки аз додани маълумотҳои биометрии худ саркашӣ мекунанд, симкорти телефон дода намешавад.
9. Ҳуҷҷати ронандагии шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозати зист, ё шаҳрвандии ФР-ро гирифтаанд
Ҳуҷҷатҳои ронандагии байналмилалӣ ва миллии шаҳрвандони хориҷие, ки баъди 1-уми апрели соли 2024 иҷозаи зист дар Россия-ВНЖ, ва ё шаҳрвандии Федератсияи Россияр гирифтаанд, бекор карда мешавад. Шахсони номбаршуда, агар то 1 апрели соли 2025 барои иваз кардани ҳуҷҷати ронандагӣ ба ҳуҷҷати ронандагии россиягӣ муроҷиат кунанд, бе имтиҳон иваз карда мешаванд, агар муҳлати ҳуҷҷат ба охир нарасида бошад.
10. Корти электронӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ
Дар Москва лоиҳаи санҷишии додани корти электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ шудааст. Корти электронӣ ба онҳое дода мешавад, ки муввақатӣ дар Россия зиндагӣ мекунанд. Корти электронӣ дар ҳолате дода мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ муроҷиат кунад, вале дигар барои гирифтанаш намеояд. Ин кортҳо 6 моҳ ба таври электронӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Умедворем, пас аз Наврӯз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Россия оромтар гашта, онҳо метавонанд бидуни мушкилот ва хараҷи зиёд бо осудагӣ кор кунанд, ва ризқу рӯзии худро ба даст биёранд.
Фирӯза Сатторӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ