10 зиндонӣ боз зиндонӣ мешаванд

Мақомот ҳифзи ҳуқуқи  Тоҷикистон алайҳи беш аз 10 зиндонии маҳбаси рақами сеи Хуҷанд бо иттиҳоми иштирок дар шӯриш парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. 

Бино ба иттилои дарёфтӣ, то кунун нуҳ нафари онҳо бо қарори додгоҳи маркази вилояти Суғд ба СИЗО (боздоштгоҳ) интиқол ёфтаанд.Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7-уми ноябри имсол рух дод ва дар ҷараёни саркӯби он, ба гуфтаи мақомот, 21 маҳбус «безарар гардонда шуд». Дар ин ҳодиса ду маъмури зиндон кушта шуда, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *