$100 млне,ки бонкҳои Тоҷикистонро наҷот медиҳад

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (EBRD) тарҳеро ба баррасӣ гирифтааст, ки тиқби он ба Тоҷикистон 100 миллион доллар қарз ҷудо хоҳад шуд. Аммо ин бонк мегӯяд, қарзи 100 миллиондолларӣ чанд шарт дорад, ки танҳо дар сурати пазируфта ва иҷро шудани он, Тоҷикистон метавонад ба дарёфти он умед бандад.

Дар сурати ихтисос ёфтани ин 100 миллион доллар бояд барои аз вазъияти буҳронӣ берун кашидани чанд бонки Тоҷикистон равона шаванд. Вазъи молиявии бонкҳои бузурги Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 ба ин сӯ рӯ ба бадшавӣ овард ва Сандуқи байналмиллалии пул (СБП) дар Тоҷикистон дар гузориши охири хеш эътироф кард, ки “ду бонк дар Тоҷикистон пардохтнопазир шудаанд”.

Ишораи СБП ба Тоҷиксодиротбонк ва Тоҷпромбонк аст, ки Бонки миллӣ ҷилави идораи ҳар ду бонкро ба дасти худ гирифта, моҳи майи соли равон дар он ҷо роҳбарони муваққат таъин кард. Ба ҷуз ин ду бонк, инчунин, Агроинвестбонк — яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон дар пардохти пули муштариён ва иҷрои уҳдадориҳояш дучори мушкил шуд, ки ба гуфтаи коршиносон “аз вазъи наздик ба буҳронӣ” дар ин бонк дарак медиҳад.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби аслии гирфитори буҳрон шудани бонкҳоро дар “менеҷмент ва ё идораи нодрусти онҳо” аз сӯи роҳбаронашон унвон карда буданд. Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, дар буҳронӣ шудани вазъияти бонкҳо роҳбарони онҳоро муқассир дониста гуфта буд, онҳо ба ҷои истифодаи оқилонаи маблағҳо ба “сохтмони биноҳо машғул шудаанд” ва дар натиҷа бонкҳоро ба ин ҳол оварданд.

Ҳукумат аз оғози буҳрон, ки аслан бо шадидан коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон расид, талош мекард, тавваҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба бонкҳои заифшуда ҷалб кунад, то онҳо бо расонидани кумаки молиявӣ бонкҳоро аз вазъияти ногувор бираҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *