100 нафар дар кофтуков…

Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад

Хуршед Иброҳимзода, муовини сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд, гуфт бинобар сари вақт пардохт накардани маблағи алимент ва иҷро накардани ӯҳдадории қарзии худ дар назди фарзандон 57 алиментсупоранда аз озодӣ маҳрум шуданд.
Иброҳимзода гуфт, 184 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ва ё ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд.
“Тибқи қонун, падар ё модаре, ки дидаву дониста аз пардохти алимент ба фарзанди худ саркашӣ мекунад, нисбати ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мешавад”, — таъкид намуд Иброҳимзода.
Муовини сардори Раёсати иҷро дар Суғд гуфт, бо вуҷуди муқаррароти қонун баъзе алиментсупорандаҳо саривақт ба суд ҳозир нашуданд ва ҳоло нисбати 100 нафар кофтукоби ҷиноӣ эълон шудааст.
Бино ба иттилои Иброҳимзода, аз соли 2020 ба ин тараф дар назорати кормандони Раёсати иҷро дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар умум 21 ҳазору 791 адад истеҳсолоти иҷрои судӣ вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди иҷроиши давравӣ қарор доранд.
Соли гузашта бар тибқи 108 адад ҳуҷҷати иҷро, барои рӯёнидани алимент 33 муҳосиботи ҷойи кори қарздорон мавриди санҷиш қарор дода шудааст. Дар соли 2019, барои насупоридани алимент 65 нафар ҳабс шуда, нисбати 120 қарздори дигар чораи сафарбар намудан ба корҳои ислоҳӣ татбиқ шуда буд.
Соли 2018 ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид карда шуд ва бар асоси он минбаъд нисбати волидоне, ки барқасдона аз таъминоти фарзандон саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 177 корҳои ҳатмӣ ба мӯҳлати аз 120 то 180 соат ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ҷазо таъин карда мешавад
«Спутник»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *