100 – солагии Валматзода, 1250 – солагии Тирмизӣ, 1150 – солагии Розӣ дар соли 2016

Соли равон, дар саросари Ҷумҳурӣ 1250-солагии  мутафаккири тоҷик ва Шарқ Абу Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусейн машҳур ба Ҳаким Тирмизӣ ва 1150 — солагии зодрӯзи олим ва мутафаккири Шарқ Закариёи Розӣ, ҳамчунин 100-солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода ҷашн гирифта хоҳад шуд.

Ин санаҳо тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷониби Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Аз дафтари раёсатҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки солгарди ин шахсиятҳои таърихии мо бо мақсади эҳёи арзишу мероси бузурги илмӣ- таърихӣ, тарғиби арзишҳои умумибашарии фарҳанги тоҷикон ва тамаддуни мардуми Шарқи миёнаю наздик, тарбияи маънавӣ, таҳкими равобити сиёсию фарҳангӣ дар марҳалаи нави таърихӣ давоми соли 2016- ум, ба таври васеъ ва ботантана таҷлил карда мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар доираи қарори мазкур муаррифӣ намудани ин шахсиятҳои таърихӣ тавассути радио, телевизион ва дигар ВАО, дар сатҳи шоиста, сиёсӣ ва илмӣ таҷлил намудани ин санаҳои таърихӣ дар Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, дигар кумитаву идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *