100 сомонӣ ба гов (латифа)

Гови марди камбағале касал шуд ва ба қавле сари корд гардид. Онро куштанду гӯшташро ба бозор овард, то фурӯшаду ба ивазаш гови дигар харад.

Харидоре омаду пурсид:

— Говро бо чӣ парвариш мекардед?

Мард:

— Бо нони хушку пасмондаи хӯрок.

Мард ҳуҷҷат бароварда, гуфт:

— Оҳҳҳо, ба амнияти ғизо таҳдид кардаед-ку! Ҷарима мешавед!

Гӯштфурӯш хеле зораву нола карда, ахиран бо додани чанд кило гӯшт аз ӯ халос шуд.

Харидори дигар омаду боз ҳам пурсид, ки говро бо чӣ парвариш кардааст?

— Говро наздики бозор мебастам, ӯ аз даруни пасмондаҳое, ки савдогарон мепартофтанд, ҳар чӣ меёфт, мехӯрд.

Ин одам ҳам ҳуҷҷате бароварда, худро корманди СЭС муаррифӣ намуд:

— Шумо ҳолати санитариву гигиениро сарфи назар кардаед, гӯшт барои одамон хавфнок аст. Шуморо ҳуҷҷат карда, ба суд медиҳам!

Савдогари гӯшт пас аз илтиҷои зиёд боз каме гӯшт ва як миқдор маблағ доду аз ин комиссия низ раҳо шуд.

Харидори дигар омаду пурсид:

— Аниқ ин гӯшти гов тоза аст? Агар бовар доред, пас бигӯед, ки ба гов чӣ медодед?

Гӯштфурӯш, ки дигар аз комиссияи бисёр безор шуда буд ва акнун бо пули бадастомадааш гов не, ҳатто як гӯсфанд харида наметавонист, асабонӣ ҷавоб дод:

— Ҷӯраҷон, ман ба ин гов чизе намедодам. Ҳар саҳар пеш аз хона баровардан ба дасташ сад сомонӣ медодам, худаш рафта шикамашро сер мекард ва бегоҳ бо шиками сер хона меомад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *