Бомбаи пурқувваттарин барои Афғонистон

Амрико қавитарин бобмаи ғайриҳастаӣ, маъруф ба номи «модари бомба»-ҳоро дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон, истифода кардааст.

Вазорати дифои Амрико гуфт, ки бомбаи “GBU-43” соати 7-у 32 дақиқаи шоми 13 апрел дар вулусволии Очин, дар наздикии марз бо Покистон, ғору туннелҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ҳадаф қарор дод. Шон Спайсер – сухангӯи Кохи Сафед – дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе гуфт, ки ин ғору туннелҳо аз тарафи ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” барои ҳамла ба мушовирони низомии Иёлоти Муттаҳида ва нирӯҳои Афғонистон истифода мешуданд. Вай афзуд, чораҳо барои ҷилавгирӣ аз талафоти ғайринизомиён дар ин ҳамла андешида шуда буд. Ҳанӯз омори кушташудаҳо ва захмиёни эҳтимолии ин ҳамла маълум нест. Ин нахустин бор будааст, ки артиши Амрико аз ин навъи бомба кор мебарад. Ин бомба бори аввал соли 2003 озмоиш шуда, беш аз 10 тонна вазн дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *