100 варзишгари Тоҷикистон дар Бозиҳои Ханжоу-2023
Бори нахуст дар Бозиҳои тобистонаи Осиё Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд.
Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик аз 40 намуди дар барномаи Бозиҳо пешбинишуда дар 18 намуд ширкат мекунанд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар шаҳри Ханжоу дар намудҳои шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, қаиқронӣ ва каноэ, ҷиу-ҷитсу, таэквандо WT, каратэ-до, ушу, кураш, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, теннис ва тенниси рўи миз ширкат мекунанд. Бори нахуст дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Бозиҳои Осиё-2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли равон баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо дар 40 намуди варзиш соҳибонашонро меёбанд.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян — Нинбо, Вэнчжоу, Тсзинхуа, Шаосине ва Хучжоу баргузор мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ