1000 доллар пора барои омода намудани билети ҳарбӣ
Бино ба маълумоти ВКД, ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки ёрдамчии сардори зершуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбии ш.Конибодом, марди 23-солаи сокини ш.Душанбе, барои омода кардани билети ҳарбӣ ва озод намудан аз уҳдадории ҳарбӣ аз шиносаш- марди 26-солаи сокини шаҳри мазкур 1000 доллари амрикоӣ ба сифати пора талаб кардааст.
3 апрели соли равон, тахминан соати 21:30 дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ошхонаи «Меҳрангез»-и шаҳри мазкур баъди гирифтани 1000 доллари амрикоӣ номбурда бо гумони гирифтани пора дастгир гардид. Далели шайъӣ- 1000 доллари амрикоӣ гирифта шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ