1000 шаҳрванди Чин метавонанд магистранти ДДОТ шаванд
Миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Донишгоҳи омӯзгории Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар асоси он минбаъд шаҳрвандони Чин имкон пайдо мекунанд, ки дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намоянд.
Тибқи ин созишнома 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои Чин аз аввали соли нави таҳсил метавонанд дар шакли фосилавӣ ва ҳузурӣ дар зинаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таҳсилро оғоз кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки қабули ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии Чин дар зинаи магистратура дар ихтисосҳои интихобиашон дар асоси қонун бо забонҳои русиву англисӣ таҳия ва қабул карда шуда, тибқи шартнома ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ