1000 сомонӣ барои роҳрӯбҳо
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои ҳавасманд намудан занону бонувон ба ҳар кадом роҳрӯб ва фаррош ба муносибати «Рӯзи Модар» ва «Наврӯз» ба миқдори 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад. Барои ин аз буҷети шаҳр 2920000 сомонӣ ҷудо шуда қарор аст, ки то 6 март ба бонувон дастрас гардад.
Соли гузашта барои ҳавасманд кардани занони роҳрӯбу фаррош аз буҷаи пойтахт 2,5 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд. Бино ба ҳисобҳо, дар идораҳои нигоҳубини роҳҳо ва хоҷагиҳои коммуналии Душанбе беш аз 2 500 зан кор мекунанд. Ҳар субҳ сокинони пойтахт зери садои ҷорӯбзании ҳамин занҳо, ки аз соати чори шаб ба кор мебароянд, бедор мешаванд. Маоши онҳо аз 600 то 800 сомониро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ