Ҷигар баданро аз заҳрҳои химиявӣ то вирусҳо ва бактерияҳо, ки талош мекунанд ба бадани шумо ворид шаванд, ҳифз мекунад. Тақрибан тамоми чизҳое, ки вориди бадани инсон мегарданд, ҳам маводи ғизоии муфид ва ҳам анвои заҳрҳо бояд аз ҷигар убур кунанд. Ҷигар, дар ҳақиқат, дарвозабони ниҳоии бадан аст.

Маҳз ҷигар аст, ки тасмим мегирад, чӣ чизе вориди бадани шумо шавад ва чӣ чизе аз он хориҷ шавад. Вале инсон низ бояд барои мунтазам фаъолият кардани ҷигар саҳм бигирад. Дар ин матлаб бархе аз роҳҳои табиӣ ва бехатарро муаррифӣ мекунем, то ба шумо дар таъмини маводи калидии мавриди ниёз барои поксозии ҷигар кумак кунанд.

  1. Об
    70%-и бадани одамӣ асосан аз об ташкил шудааст. Ин амр ба он маъност, ки барои коркарди матлуби бадан бояд об бинӯшед. Об ба хориҷ кардани заҳрҳои номатлубе, ки ҷигар барои ҳалли, онҳо неруи зиёде сарф мекунад кумак мерасонад ва ҳамзамон маводи ғизоии муфидро дар саросари бадан паҳн мекунад. Вақте ташна ҳастед, яъне, бадани шумо дар ҳоли ҳозир дучори камобист ва бинобар ин, дар тамоми тӯли рӯз ба таври мудавом об масраф кунед.
  2. Лимӯ
    Лимӯ қатъан дар листи беҳтарин меваҳои табиӣ қарор мегирад. Ба ин далел, ки метавонад на фақат ба ҳифзи саломатии шумо кумак кунад, балки мушкилоти саломатии мавҷуда, ҳатто саратонро ҳам, метавонад дармон кунад. Шумо метавонед ҳар бор оби лимӯро ба обе, ки менӯшед, изофа кунед. Аммо таҳқиқотҳои охир нишон медиҳанд, ки фавоиди воқеии лимў танҳо бо масрафи тамоми қисматҳои он ба даст меояд.
  3. Зардчӯба
    Тибқи гузоришоти таҳқиқотҳои пизишкӣ, зардчӯба дар қатори фавоиди зиёд, бофтаҳои осебдидаи ҷигарро низ бозсозӣ мекунад. Шумо метавонед миқдоре аз ин адвияро болои ғизои худ бипошед ё онро ба шакли капсул масраф кунед.
  4. Анвои буттамеваҳо
    Буттамеваҳо дар таркиби худ миқдори зиёди маводи ғизоии солим, фибрҳо ва антиоксидонт доранд. Хӯрдани як мушт аз анвои буттамеваҳо ҳар рӯз, қатъан метавонад ба самъзудоии ҷигар кумак кунад.
  5. Сир
    Сир ё сирпиёз зиддибактерии қавӣ ва сарҳор аз серениюм ва олесин аст, ки ҳар дуи инҳо маводи калидӣ барои аз байн бурдани заҳрҳо мебошанд. Агарчи масрафи сири тоза беҳтар аст, аммо бо ин ҳол метавонед муккамилҳои сирро низ масраф кунед. Ҳангоми хӯрдани сир ҳамеша бо ёд дошта бошед, ки баъди тоза кардани он 10 — 15 дақиқа сабр кунед, то аҷзои фаъоли он озод шаванд.
  6. Грейпфрут
    Грейпфрут меваи дигарест, ки миқдори зиёди антиоксидонт мебошад ва як антиксидонти хос бо номи норинҷирин дар таркибаш вуҷуд дорад. Норинҷирин фаловоиди қудратмандест ва ба унвони зиддиилтиҳобии фавқулода шинохта мешавад, ки дар пешгирӣ аз бемориҳои зиёде муассир аст. Грейпфрут ҳамчунин дар таркибаш онзиме дорад ва метавонад дар ҷигар вокунише эҷод кунад, ки боиси ҳал шудани бештари таркиботи самъии он ва хориҷ шуданашон аз бадан кумак кунад. Илова бар ин, грейпфрут барои пешгирӣ аз захираи чарбӣ дар ҷигар низ кумак мекунад.
  7. Себ
    Шояд ин ҷумларо шунида бошед, ки масрафи як дона себ дар рӯз шуморо аз муроҷиат ба табиб бениёз хоҳад кард. Далели ин амр, вуҷуди маводи фоидаоваре дар себ бо номи пектин аст, ки ба ҳазми муносиб кумак хоҳад кард ва дар ниҳодят боиси роҳаттар шудани кори ҷигар мегардад.
  8. Орди сабусдор.
    Сарфи назар аз арзиши ғизоии ошкор, орди сабусдор дорои фибри режимие ҳастанд, ки ба ҳазми заҳрҳо дар ҷигар кумак мекунанд.
  9. Чои кабуд
    Чои кабуд дар таркибаш миқдори зиёди маводе бо номи кочин дорад. Ин мавод антиоксидонти массире мебошад, ки ба беҳбуди кори ҷигар ва чарбисӯзӣ кумак мерасонад ва захираи чарбиҳои хатарнокро дар ҷигар камтар мекунад.
  10. Чормағз
    Чормағз маводи тақвияткунандаи ҷигар ба шумор меравад, ки ғанї аз оксидҳои равғани омега-3, глатитиюн ва ғайра мебошад, ки вуруди маводи шимиёии хатарнок ва маводи монанди аммиакро ба бадани шумо ҷилавгирӣ мекунад. Илова бар инҳо, витамини мавҷуда дар мағзи чормағз, алоими бемориҳои ношӣ аз фарбеҳиро дар ҷигар ба таври чашмгир коҳиш медиҳанд.
  11. Авокадо
    Ин мева дорои таркиботи қавие мебошад, ки нақши муҳиме дар поксозии ҷигар ифо мекунад. Равғанҳои вуҷуддошта дар ин мева холестерини бадро дар бадан коҳиш дода, холестерини муфидро баръакс боло мебаранд. Бар иловаи ин, авокадо дорои витаминҳо ва маводи маъданиест, ки саломати кулии ҷигарро тазмин карда, чарбиҳои онро аз байн мебаранд.Ба манзури поксозии ҷигар ба муддати чанд моҳ, ҳафтае як ё ду авокадо майл кунед.
  12. Анвои карам
    Карам ба манзури сабзиҷоти зиддичарбии ҷигар шинохта шудааст. Истифода аз хўриши карам бо иловаи як миқдор сирко ва ё оби лимӯ барои саломатии ҷигари шумо бисёр муфид қарор мегирад. Илова кардани равғани зайтун ба ин хўриши хусусиёти зиддиҷарбии ҷигар тақвият мебахшад. Миёни анвои карамҳо бошад, карами броколлӣ барои поксозии ҷигар фоидаи бештар дорад.
  13. Қаҳва
    Агар шефтаи қаҳва ҳастед, бояд бидонед, ки ҷигаратон низ аз ин мавзӯъ хушҳол хоҳад шуд. Тозатарин таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нӯшидани ду то се финҷон қаҳва, метавонад таъсири муҳиме ба саломатии ҷигар дошта, осебҳоро аз ин узви ҳаётии бадан дур кунад. Қаҳва ҳатто саратони ҷигарро ҳам метавонад пешгирӣ кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *