Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ ба таъхир афтод
Бинобар маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба таъхир афтодааст. Дар ин бора хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ мегӯяд, ки санаи ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо маблағгузории Қатар дар Душанбе бунёд шудааст, то ҳол маълум нест.
Гуфта мешавад, ки чанде пеш масъулини Кумитаи дин эълон карда буданд, ки маросими ифтитоҳи масҷид қарор буд рӯзи 12-уми марти соли равон бо ҳузури амири Қатар баргузор мешуд.
“Ба далели паҳншавии бемории короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ҳамин тариқ ифтитоҳи Масҷиди нави ҷомеи марказии шаҳри Душанбе низ ба таъхир гузошта шуд”, — гуфтааст манбаи Sputnik Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки масҷиди мазкур, мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, аммо бо сабаби наомадани амири Қатар мавқуф гузошта шуд.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ