109 кӯдак куштаву 130 нафар ҷароҳат бардоштааст

Дар натиҷаи гузаронидани Амалиёти Махсус алайҳи Укроин 109 кӯдак ба ҳалокат расидаасту 130 кӯдак ҷароҳат бардошт. Ин хабарро Прокуратураи генералии Укроин ба «Телеграмм-канал» расонидааст.

Бар асари бомбаборон на камтар аз 439 муассисаи таълимӣ зарар дидааст, аз ҷумла 63 ададаш пурра нобуд шудаанд. Ба иттилои тасдиқнашуда аз оғози ҷанг (24 феврал) то имрӯз 14 200 сарбози рус кушта шудааст. Штаби генералии Укроин хабар дод, ки артиши Укроин ба қарибӣ 7 тайёраи ҷангӣ, чархбол, 5 бесарнишин ва ҳамин миқдор мушакҳои болдори Россияро нобуд сохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *