11 ихтисоси нав дар ДМТ

Соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 11 ихтисоси нав кушода шуд. Дар ин бора ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Ихтисосҳои нав — Бизнес маъмуриятчигӣ, Электроникаи тиббӣ, Биохимияи тиббӣ, Химия. Биология, Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, Фаъолияти судӣ- прокурорӣ- муфаттишӣ, Забони хориҷӣ ва Педиатрия буда бо дарназардошти бозори меҳнат кушода шуданд” –гуфт, номбурда.
Ба иттилоъи ректор ин ихтисосҳо дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудаанд.
Ҳамчунин, ректор хабар дод, ки феълан дар ДМТ аз 133 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Феълан дар ДМТ 22 661 донишҷӯ таҳсил мекунад, ки ба онҳо 1299 омӯзгор (12 нафар академики АМИТ, 16 нафар узви вобастаи АМИТ, 198 доктори илм, 632 номзади илм) дарс мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *